Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар ба Узбакистон – бе телеграмма. АКС


Гузаргоҳи “Достук” дар марзи миёни Узбакистону Қирғизистон баъди як рӯзи сафари раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Бишкек расман ифтитоҳ шуд. Мақомоти ду тараф рӯзи 6-уми сентбяр гуфтанд, ки ифтитоҳи гузаргоҳ имкон медиҳад, сокинони навоҳии наздимарзӣ бидуни пешниҳоди "телеграмма" ба минтақаҳои якдигар сафар кунанд. Дар гузашта мардуми навоҳии наздимарзӣ барои рафтан ба хонаи наздиконашон дар Узбакистон ба телеграмма барои тӯй ё дафн ниёз доштанд.

Рӯзҳои наздик метавонед, бидуни мушкил марзро бигузаред. Ҳамаш боз хоҳад буд.

"Чизе бо номи телеграмма, билохира, фаромӯш хоҳад шуд", - гуфт Дуйшенбек Зилалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи “Достук”. Шӯҳратбек Абдураҳмонов, волии Андиҷони Узбакистон ҳам хитоб ба садҳо шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ин маросим ҷамъ омада буданд, гуфт, "рӯзҳои наздик метавонед бидуни мушкил марзро бигузаред. Ҳамаш боз хоҳад буд."

Ин гузаргоҳ ҳамагӣ баъд аз як рӯзи сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Қирғизистон ифтитоҳ шуд. Мирзиёев рӯзи панҷуми сентябр дар Бишкек гуфт, ки дар мулоқоти ӯ бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон масъалаи марз ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла ӯ гуфт, “тақрибан 20-25 дақиқа телевизиони Қирғизистонро тамошо кардам. Мардум мегӯянд, ки наход баъди сафари президенти Узбакистон мо тавонем мисли пешина ба Андиҷон биравем? Наход ин кор имконпазир бошад? Ман мехоҳам бигӯям, ки бале, имконпазир аст!”

АКСҲОИ БЕШТАРРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

XS
SM
MD
LG