Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон 


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ аввали моҳи октябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 10-уми октябр дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили тими миллии Непал бозӣ мекунад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 15-уми сентябр хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон ҳамагӣ шаш бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд ва дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд.

Бори охирин дар як бозии дӯстона, ки 13-уми ноябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Голи ягонаро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 74-уми бозӣ ба самар расонд.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 10-уми октябр дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили тими миллии Непал бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Як рӯз пеш, 9-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «С» миёни тимҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Урдун барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар байни 211 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 140-ум ва Афғонистон дар зинаи 158-ум қарор доранд.

Натоиҷи бозиҳои тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон:

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0
9 ноябри соли 2005, Душанбе.

Ҷоми даъвати AFC-2008. Марҳилаи ниҳоӣ
Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0
3 августи соли 2008, Ҳайдаробод, Ҳиндустон.

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0
17 ноябри соли 2010, Душанбе

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 3:2
4 июни соли 2013, Қӯрғонтеппа

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0
4 майи соли 2014, Душанбе

Бозии дӯстона
Тоҷикистон– Афғонистон – 1:0
13 ноябри соли 2016, Душанбе

XS
SM
MD
LG