Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон бо 62 медал дар Бозиҳои осиёӣ пешсаф аст


Дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки дар пойтахти Туркманистон - Ишқобод – ҷараён доранд, баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот мизбонон бо 62 медал дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кардаанд.

Дастаи мунтахаби Туркманистон 29 медали тилло, 21 нуқра ва 12 нишони биринҷӣ гирифтааст. Эрон бо касби 12 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва Узбакистон бо касби 28 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд.

Умуман, дар се рӯзи бозиҳо варзишгарони 23 кишвар барандагони медалҳо гардида, намояндагони 17 кишвар бо медалҳои тилло мукофтонида шуданд. Мавқеи кишварҳои дигари даҳгонаи аввал дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 4. Тайланд (3 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ). 5. Қазоқистон (3 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ). 6. Имороти Муттаҳидаи Араб (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ). 7. Чин (2 тилло, 0 нуқра ва 3 биринҷӣ). 8. Муғулистон (1 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ). 9. Қирғизистон (1 тилло, 3 нуқра ва 4). 10. Покистон (1 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ).

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар се рӯзи бозиҳо дар се намуд - ҷиу-ҷитсу, гуштии анъанавӣ ё туркманӣ ва таэквондо WTF - 11 медал (як нуқра ва 10 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин Афғонистон ҷойгир шудааст.

Варзишгари тоҷик Манучеҳр Неъматов, ки дар мусобиқаи таэквондо WTF дар вазни зери 54 кило байни мардон мақоми дувумро соҳиб шуд, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов дар мусобиқаи ҷиу-ҷитсу дар рақобатҳои ҷуфти мардона (Men's Duo Classic), Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти омехта (Mixed Duo Classic) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи гуштии анъанавӣ дар рақобатҳои озод миёни мардон чаҳор аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Фаридун Қурбонов дар вазни зери 57 кило, Анӯшервон Наврӯззода дар вазни зери 90 кило, Абдураҳмон Маматқулов дар вазни зери 100 кило ва Самандар Эрназаров дар вазни беш аз 100 кило – барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар ин намуди гуштӣ дар сабқати мардон оид ба тарзи классикӣ Ҳасан Ёриев дар вазни зери 82 кило, Абдураҳмон Маматқулов дар вани зери 100 кило, Маҳмад Миров ва Самандар Эрназаров - ҳарду дар вазни беш аз 100 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Чунонки сомонаи расмии Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ хабар додааст, дар ин бозиҳо беш аз шаш ҳазор варзишгару ашхоси расмӣ аз 62 кишвар – 45 кишвари Осиё ва 17 кишвари Уқёнус – ширкат дорад. Мусобиқот аз рӯи 21 намуди варзиш то рӯзи 27-уми сентябр идома меёбад.

Ба иттилои ин манбаъ, барои ширкат дар рақобатҳо аз рӯи барномаи ин бозиҳо 135 варзишгари тоҷик (120 мард ва 15 зан) дар 15 намуд номнавис шудаанд: баскетбол (3х3) - 4 мард, гуштии камарбандӣ – 25 мард ва 1 зан, шоҳмот - 3 мард ва 2 зан, варзиши сабук - 6 мард ва 2 зан, ҷиу-ҷитсу - 7 мард ва 2 зан, кикбоксинг - 7 мард ва 3 зан, гуштии кураш - 6 мард, муайтай – 5 мард, самбо – 9 мард, шиноварӣ - 3 мард ва 3 зан, таэквондо WTF – 4 мард ва 1 зан, велотрек – 2 мард, гуштии анъанавӣ – 16 мард ва 1 зан, вазнабардорӣ – 5 мард, гуштии варзишӣ (юнониву румӣ ва озод) – 18 мард.

Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида мусобиқотест, ки дар ҳар ду сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешуд. Аввалин Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2005 дар Бангкок (Тайланд) барпо гардида буд. Аз соли 2013 Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида бо Бозиҳои осиёӣ оид ба ҳунарҳои размӣ ба чорабинии ягона - Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ - муттаҳид карда шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки соли 2013 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд. Парвиз Собиров дар гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кило бо медали тилло, Саидҷалол Саидов дар вазни зери 90 кило бо медали нуқра мукофотонида шуданд. Зӯҳро Холова дар сабқати кикбоксинг миёни занон дар вазни зери 52 кило медали нуқра ва Ганҷина Хабибуллоева дар вазни зери 55 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 30 кишваре, ки соҳибони медалҳои Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ гардиданд, мақоми 16-умро касб намуд.

XS
SM
MD
LG