Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли ҳабс ва мусодираи амвол – Ҳукми Фирӯз Холмуродзода эълон шуд


Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши пешини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз сӯи Додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Наздикони Фирӯз Холмурдозода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Додгоҳи олӣ рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр содир гардид.

Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охирҳои моҳи апрели имсол оғоз шуд ва сарусадоеро дар матбуоту ҷомеа ба миён овард.

Ба гуфтаи онҳо, бар пояи ин ҳукм, амволи Холмуродзода мусодира шуда ва ҳамчунин ӯ то 5 соли баъди сипарӣ кардани муҳлати ҷазо, ҳаққи ишғоли мансабро надорад. Дар мурофиаи охирин, ки рӯзи 12-уми сентябр баргузор шуд, айбдоркунандаи давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода 17 сол зиндон талаб карда буд.

Талаби 17 соли зиндон ба Фирӯз Холмуродзода

Додгоҳи олӣ инчунин нисбат ба панҷ мақоми дигари Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза ҳукми худро эълон кард. Аз ҷумла, бино ба қарори додгоҳ, Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов) 13 сол ва Амиршо Султонзода 10 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Додгоҳ Қосим Давлатовро, ки бо номи "Ҳоҷи Қосим" маълум аст ва ду нафари дигар -- Афзалов ва Сафаралӣ Ҳомидзодаро барои 6 солӣ маҳкум ба зиндон кардааст. Ин афрод асосан ба қаллобӣ, ришвагирӣ ва ҷиноятҳои дигар айбдор мешаванд.

Аммо наздикони маҳкумшудаҳо, ки дар пушти дарвозаи Додгоҳи олӣ мунтазири вакилони мудофеи пайвандонашон буданд, гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва дар нисбати он ба зинаҳои болоӣ, шикоят хоҳанд бурд. Онҳо гуфтанд, ки "фарзандонашон ба ин андоза коре накардаанд, ки ба 15,13 ва 10 соли зиндон, маҳкум шаванд."

Ҷараёни баҳси додгоҳии масъулони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Додгоҳи олӣ гузашт. Ин парванда аз оғози боздошти ин афрод зери муҳри комилан сиррӣ идома кард ва муфаттишону додрасҳо ва ҳатто вакилони мудофеи онҳо тӯли ин муддат ҳамвора, аз шарҳи ҷузъиёти парвандаҳо, худдорӣ мекарданд. Пайвандони онҳо низ талош менамуданд, ки бо хабарнигорон рӯ ба рӯ нашаванд, вале агар сӯҳбат ҳам намуданд, хоҳиш мекарданд, ки ному насаби онҳо оварда нашавад.

Ин шаш нафар рӯзи 12-уми сентябр дар мурофиаи ниҳоӣ аз додрас хоста буданд, ки нисбат ба онҳо "ҳукми одилона", "аз рӯи инсоф" ва "боадолатона" содир кунад. Ин парванда мӯҳри сиррӣ дорад ва муҳокимаҳо паси дарҳои баста гузаштанд ва феълан ҷузъиёти бештар дастрас нест.

Дар ин бора бештар бихонед:

Хайрзода ва Беназирзода беш аз 10-сол ҳукм гирифтанд

Мурофиаи нахустини даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл дар Додгоҳи олӣ оғоз шуда буд. Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охирҳои моҳи апрели имсол оғоз шуд ва сарусадоеро дар матбуоту ҷомеа ба миён овард.

XS
SM
MD
LG