Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Чеченистон бо гузашти 1 моҳ Зелимхон Бақоевро меҷӯяд


Зелимхон Бақоев
Зелимхон Бақоев

Пулиси Чеченистон бо гузашти 1 моҳи баъди нопадид шудани овозхон Зелимхон Бақоев ҷустуҷӯи ӯро оғоз кард. Дар бораи чораҳои кофтукоби овозхон хабаргузории РИА Новости рӯзи 19-уми сентябр гузориш дод.

Зелимхон Бақоев, ки барои иштирок дар тӯйи хоҳараш аз Маскав ба Чеченистон рафта буд, рӯзи 8-уми август дар Грозний нопадид шуд. Хешовандонаш мегӯянд, нафароне, ки ӯро дар Грозний боздошт карданд, дар тан либоси низомӣ доштанд.

Бақоев овозхони ҷавон, вале шинохта аст, ки дар саҳнаҳои Ингушистон, Доғистон ва Маскав ҳунарнамӣ мекард. Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки мақомоти Чеченистон овозхонии ӯро дар ҷумҳурӣ манъ карданд, зеро ба назари онҳо таронаҳои Зелимхон аз ончӣ мардум дар ин ҷо гӯш мекунад, бисёр фарқ мекунад

Вазири Чеченистон дар умури сиёсати миллӣ ва равобити хориҷӣ Ҷамбулат Умаров пештар хабарҳои матбуотии дар Грозний нопадид шудани Бақоевро "ҳарза" унвон кард. Шабакаи телевизионии РБК аз қавли Умаров гуфт, ки овозхон "баъд аз муддате зоҳир мешавад." Вазир нагуфт, ки ҳоло Бақоев дар куҷост.

Рӯзи 16 август маълум шуд, ки модари Зелимхон Бақоев барои пайдо кардани писараш аз Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон кӯмак хостааст. Малика Бақоева арзиаашро рӯзи 18 август ба пулис дод. Аммо дар заминаи нопадид шудани овозхон то ҳол парванде боз нашудааст.

XS
SM
MD
LG