Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз номзадии Омурбек Бабанов пуштибонӣ мекунад?


Бинои Комиссиия Марказии Интихоботи Қирғизистон
Бинои Комиссиия Марказии Интихоботи Қирғизистон

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов мулоқот кард. Дар ин бора сомонаи расмии раиси ҷумҳури Қазоқиистон рӯзи 19 сентябр хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мулоқот дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, аммо ишора нашудааст, ки дидору гуфтугӯи Назарбоев бо Бабанав кай сурат гирифт.

Узви Комиссияи Интихоботи Қирғизистон Абдуҷаббор Бекматов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки Комиссия ба мулоқоти президенти Қазоқистон бо номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон баҳо хоҳад дод. "Комиссия маълум хоҳад кард, ки ин мулоқот ба интихобот ва таблиғот рабт дошт ё не"- гуфт Бекматов.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 15 октябр баргузор мешавад. Дар он 13 номзад барои курсии президентӣ сабқат мекунанд.

XS
SM
MD
LG