Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе аз намудҳои варзиш манъ мешаванд


Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ рӯзи 19-уми сентябр лоиҳаи фармоиши раиси ин кумитаро дар бораи қатъ намудани бархе аз гурӯҳҳои варзишӣ нашр кардааст.

Бар асоси ин лоиҳа дар муассисаҳои варзишии ин кумита ташкил кардани гурӯҳҳо оид ба 9 намуди варзиш - бокси касбӣ, зӯрозмоиҳои омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), грэпплинг, ню-фулл-контакт, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ - қатъ карда мешаванд.

Ба иттилои мақомоти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ин тасмим бо мақсади иҷрои банди 11-и Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш гирифта шудааст.

"Дар муассисаҳои варзишӣ таъсис додани гурӯҳҳо оид ба намудҳои варзише, ки ба зӯроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мебошад. Намуди варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил кардани гурӯҳҳо манъ мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд",-омадааст дар иттилоияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Ин кумита аз масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарон хоҳиш кардааст, ки то 30-юми сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро дар бастагӣ ба лоиҳаи фармоиши мазкур ба унвонии ин ниҳод пешниҳод намоянд.

XS
SM
MD
LG