Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Сурия


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола тими Сурияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи “В” шоми чоршанбеи 20-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Голҳоро Эмомалӣ Аҳмадхон дар дақиқаи 69-ум ва Ислом Зоиров дар дақиқаи 76-ум ба самар расонданд.

Пеш аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Умон ва Молдив рақобат карданд. Умониҳо ба дарвозаи молдивиҳо ҳашт голи беҷавоб заданд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дастаҳои Умону Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В” мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола дар гурӯҳи “В” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор то 24-уми сентябр идома хоҳад кард. Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби наврасони Молдив, Сурия, Тоҷикистон ва Умон барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мубориза мебаранд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии дувумашро 22-юми сентябр бо тими Молдив анҷом медиҳад.

Бар асоси дастури мусобиқа, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри соли оянда дар Малайзия баргузор мешавад, 10 дастаи ғолиби гурӯҳҳои интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувум аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

20 сентябр (чоршанбе)

Умон – Молдив – 8:0

Тоҷикистон – Сурия – 2:0

Даври 2-юм

22 сентябр (ҷумъа)

16:00 – Сурия – Умон

19:00 – Молдив – Тоҷикистон

Даври 3-юм

24 сентябр (якшанбе)

16:00 – Сурия – Молдив

19:00 – Умон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG