Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси FIFA “Истиқлол”-ро табрик кард


Ҷианни Инфантино
Ҷианни Инфантино

Ҷианни Инфантино, раиси Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA), бо ирсоли як нома унвонии Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол”-и Душанберо барои ғалабаи пешакӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2017 табрик кардааст.

“Истиқлол” шашумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, дар номаи табрикии Инфантино, аз ҷумла, омадааст, “ман бо камоли майл бошгоҳи футболи “Истиқлол”-ро, ки барои бори шашум ва чаҳорумин бор паиҳам ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, сидқан табрик мекунам.

Ин унвон самараи заҳмати ҳамаи онҳоест, ки дар ин бошгоҳ пурсамар кор мекунанд, бинобар ин ман бозигарон, мураббиён, тамоми кормандони техникиву тиббӣ ва алоқамандони дастаро муборакбод мегӯям. Аз номи тамоми ҷомеаи футбол, ман мехоҳам ба бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва Федератсиони футболи шумо барои кӯмак баҳри маъруфияти рисолати мусбати футбол миннатдории хешро баён созам”.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки 18-уми сентябр дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи лигаи олӣ бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 42 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натоиҷи панҷ бозии охиринаш барои рақибони худ дастнорас гардид. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 13 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастест, ки то ҳоло бохт надорад.

“Истиқлол” шашумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ибтикори Рустами Эмомалӣ, ки худаш ҳам дар даста ба ҳайси ҳамлагар бозӣ мекард, моҳи ноябри соли 2007 таъсис ёфтааст. Раиси ин бошгоҳ аз лаҳзаи таъсисаш Шоҳрух Саидзода мебошад.

Дастовардҳои “Истиқлол”

Қаҳрамони Тоҷикистон (6 бор): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017

Ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон (1 бор): 2013

Ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон (1 бор): 2012

Барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (6 бор): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016

Баандаи Ҷоми Тоҷикистон (6 бор): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016

Барандаи Ҷоми раиси АFC (1 бор): 2012

Барандаи Ҷоми ФФТ (3 бор): 2014, 2015, 2017

Финалисти Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) (1 бор): 2015

XS
SM
MD
LG