Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба харудуфурӯши асъори хориҷӣ иҷозат дод


Сар аз 1 октбяр барои нахустин бор аз замони истиқлолияти Узбакистон мақомоти Тошканд ба шаҳрвандон иҷозат медиҳанд, ки аз бонку саррофиҳо асъори хориҷӣ харидорӣ кунанд. Дар ин бора сарвазири Узбакистон Абдулло Орифов рӯзи 23 сентябр дар суҳбат бо хабаргузории Reuters иттилоъ дод.

Ин қарор як бахши силсилаи иқдомоти ҳукумати Узбакистон барои берун овардани кишвари аз инзиво аст, ки соли гузашта баъди марги раҳбари пешини он Ислом Каримов имконпазир шуд.

Сарвазири Узбакистон дар посух ба суоли хабарнигор, ки ҳукумат поин бурдани қурби пули миллӣ - сӯмро идома хоҳад дод, ё не, гуфт, "инро бозор муайян хоҳад кард".

Рӯзи 5 сентябр Узбакистон ба табодули асъори хориҷӣ иҷозат дод, аммо сокинони Узбакистон метавонистанд, асъорро дар кордҳои махсус дастрас кунанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баъди озод шудани хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар Узбакистон тайи як ҳафтаи аввал шахсони воқеӣ беш аз 200 миллион ва шахсони ҳуқуқӣ ҳудуди 100 миллион долларо ба бонкҳо супоридаанд.

XS
SM
MD
LG