Пайвандҳои дастрасӣ

Нуриддин Раҳмон дар Данғара ба хок супурда шуд. АКС


Нуриддин Раҳмон

Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари 67-солаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бар асари сактаи қалб даргузашт, субҳи 8-уми октябр дар мазори Мавлоно Тоҷиддини ноҳияи Данғара дар канори қабри волидонаш ба хок супурда шуд. Шаби гузашта барои видоъ бо ӯ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи хонаводааш ба ноҳияи Данғара рафт.

Раҳбарони ду палатаи порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки Нуриддин Раҳмон ягон мансаби давлатӣ надошт ва танҳо роҳбари хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-и ноҳияи Данғара буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Данғара гуфт, ки даҳҳо мақомдори тоҷик низ барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи раиси ҷумҳур ба онҷо рафтаанд. Аммо хабарнигоронро нагузоштаанд, ки маросими видоъ ва дафни Нуриддин Раҳмонро аз наздик наворбардорӣ кунанд.

Аз он пештар манобеи Радиои Озодӣ дар Данғара гуфта буданд, ки “феълан тамоми роҳҳо ба маркази ноҳия баста буда, чораҳои амниятӣ шадидтар шудааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи шанбе расман хабар дод, ки Нуриддин Раҳмон, бародари калонии раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон бар асари сактаи қалб даргузашт. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ солҳои ахир аз бемории қанд ва дарди пой сахт ранҷ мебурд. Ҳукумат дар эъломияи худ даргузашти Нуриддин Раҳмонро ба раиси ҷумҳур ва наздиконаш таслият гуфта, аз бародари калони ӯ ба унвони инсони нек ёдоварӣ кард.

Ба дунбол раҳбарони ду палатаи порлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров низ ба раиси ҷумҳур изҳори ҳамдардӣ карданд. Раҳбарони ду палатаи порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки Нуриддин Раҳмон ягон мансаби давлатӣ надошт ва танҳо роҳбари хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-и ноҳияи Данғара буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Нуриддин Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Нуриддин Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Бархе аз ҳамсуҳбатони мо низ аз Нуриддин Раҳмон инсони хоксор ном бурда, гуфтанд, ки дар тӯли 25 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҳамеша паси парда буд. Ҳарчанд бархеи дигар ба таъсиру нуфузи ӯ дар интихоби кадрҳо ишора мекунанд.

Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кор кардааст. Баъдан, ӯ роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-ро ба ӯҳда дошт.

Бародари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ягон мансаби давлатӣ надошт ва солҳои ахир бознишаста буд. Ду сол қабл писари 34-солааш Умедҷони Нуриддин додситони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG