Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти масъули “Имкон 2015” барои корфармоии Нурбибӣ дар Саудӣ


Нурбибӣ Мансурова
Нурбибӣ Мансурова

Саидаҳмад Сангови 54-сола, масъули ширкати “Имкон 2015”, ки Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеъ ва модари понздаҳ фарзандро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода буд, боздошт шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Сангов бар асоси моддаи 130-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “одамрабоӣ” парванда боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.

Бо вуҷуди мухолифати духтаронаш, ӯ шавҳарашро барои рафтан ба Саудӣ розӣ намуда, рӯзи 10-уми августи соли 2016 тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ парвоз кард.

Саидаҳмад Сангов, масъули ширкати “Имкон 2015” дар натиҷаи шикояти Нурбибӣ Мансурова дастгир шудааст, ки аввали ҳафтаи ҷорӣ аз Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ гуфт, масъули ширкати “Имкон-2015” бо баҳонаи таъмини кор дар хориҷи кишвар ӯро ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бурда, 1 солу 2 моҳ маҷбурӣ кор фармудааст. Ӯ иддао дорад, ки дар ин муддат ҳаққи кораш низ пардохт нашуд.

Саноат Солиева, раҳбари созмони ҷамъиятии «Фемида», ки ба қурбониёни қочоқи инсон ва афроди дар ғуломӣ қарордошта кумак мекунад, рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои пайдо кардани кор ба Нурбибӣ ёрӣ хоҳанд кард. Ӯ гуфт, ҳанӯз се моҳи қабл барои баргардонидани ин зан корро оғоз карда буданд.

Саноат Солиева
Саноат Солиева

"Мо бар асоси барнома барои кор пайдо кардан ба ин зан кумак мекунем. Пас аз ҳодисае, ки ба ӯ рух додааст, аввал бояд аз нигоҳи равонӣ ба табобат фаро гирифта шавад. Равоншиносон бо ӯ бояд кор кунанд. Баъди онки вазъаш хуб шуд, кӯшиш мекунем, барои кор пайдо кардан ба ӯ ёрӣ намоем, ки дар ватан соҳиби ҷойи кор шавад. Ҳодисае, ки ба сари ӯ омадааст, ба вазъи рӯҳиаш таъсир расондааст", - афзуд ӯ.

Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ду ҳафтаи пеш дар як тамоси видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар хонаи корфармо чун ғулом ба сар мебарад ва соҳибхоназан бо духтараш рӯзе нест, ки ӯро зери латту кӯб қарор надиҳанд.

Ин видео аз бойгонист:

Илтиҷои як зани тоҷик: "Маро аз ғуломӣ озод кунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Ӯ дар шарҳи қиссаи сафари худ ба Арабистони Саудӣ гуфт, қаблан бинобар мушкили рӯзгор мехост, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад, вале хоҳаронаш монеъ шуданд. Нурбибӣ гуфт, “як рӯз дар бозори ноҳияи Восеъ марде бо номи Ҳоҷӣ Искандар дар ошхонае, ки кор мекардам, хӯрок хӯрд ва пешниҳоди кор дар Саудиро намуд.”

Бо вуҷуди мухолифати духтаронаш, ӯ шавҳарашро барои рафтан ба Саудӣ розӣ намуда, рӯзи 10-уми августи соли 2016 тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ парвоз кард. Ин зан гуфт, ба ӯ ваъда карданд, ки дар Саудӣ зани пиреро нигоҳубин мекунад ва моҳона 600 доллар дарёфт хоҳад кард. Зимнан, давоми се моҳ як бор имкони бозгашт ба ватан ва дидорбинӣ ба пайвандонро дорад. Пас аз ду соли корӣ метавонад маросими Ҳаҷро адо намояд. Ваъдаҳое, ки ба гуфтаи Нурбибӣ ҳеҷ кадомаш иҷро нашуд ва ӯро рӯзи аввал назди зани маъюбе оварданд, ки ҳамеша латту кӯб мекард.

“Баъд аз шикоят писари ин зан маро ба хонаи худаш овард, вале зану духтари ин мард маро бештар аз модараш азият медиҳанд”,-гуфта буд ӯ.

Нурбибӣ Мансурова дар шаҳри Ал-Қурияи Садиқаи Ас-Сафири Арабистони Саудӣ дар хонаи марди арабе хидматкор буд. Ин зан аввали ҳафтаи ҷорӣ аз Саудӣ ба Ватан оварда шуд.

Раиси ширкат: "Мо занони тоҷикро барои ғуломӣ ба Саудӣ набурдем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

XS
SM
MD
LG