Пайвандҳои дастрасӣ

Департаменти давлатӣ: Касе парчами Русияро надуздидааст


Мақомоти Вазорати умури хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико иддаои "дуздида" шудани парчами Русия аз бинои консулгарӣ ва намояндагии тиҷоратии ин кишвар дар Сан Франсиско ва Вашингтонро рад карданд. Як намояндаи расмии Департементи давлатӣ ба расонаҳо гуфт, ки парчами Русия поин оварда шуда, дар дохили бино нигоҳдорӣ мешавад.

Сафорати Русия дар Амрико рӯзи 11-уми октябр эълон кард, ки парчами Русия аз бинои консулгарӣ ва намояндагии тиҷоратии ин кишвар дар Сан Франсиско ва Вашингтон "дуздида шудааст". Анатолий Антонов, сафири нави Русия дар Амрико, чунин бархӯрдро таҳқиромез номид ва гуфт, Маскав аз Вашингтон хостааст, ки ҳарчи зуд ин парчамҳоро ба ҷои пешинаашон насб кунад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, рӯзи 12-уми октябр ба хабарнигорон гуфт, “мо ин ҳолатро ҳамчун таҳқири рамзи давлатӣ арзёбӣ мекунем. Мо аллакай ба ҷониби Амрико эътирозӣ қатъӣ баён намудем. Албатта, барои гирифтани парчами Русия ризояти ҷониби Маскав гирифта нашудааст.”

Моҳи июл Кремлин дар ҷавоб ба таҳримҳои нави Конгресс алайҳи Маскав аз Амрико хоста буд, ки сафи кормандонашро дар сафорат ва консулгарии генералии ин кишвар дар Русия коҳиш бидиҳад.

Ба дунбол, Вашингтон гуфт, консулгарии генералии Русия дар Сан-Франсиско ва намояндагии тиҷоратии Маскав дар Вашингтону Ню-Йорк ба корашон хотима диҳанд. Мақомоти Амрико ба Маскав то 1-уми октябр фурсат дода буданд, ки кормандони консулгарӣ ва намояндагии тиҷоратӣ ҷойи корашонро холӣ кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG