Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли ҷасади 2 бародар баъди ним соли амалиёти ФСБ ба Тоҷикистон


Акси Шарифхон Валиев

Ҷасади ду сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки тақрибан ним сол пеш дар як амалиёти ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ноҳияи Владимир кушта шуданд, ба зодгоҳашон оварда хоҳад шуд. Мақомоти Русия номи онҳоро эълон накарда буд ва падару модари ин ду ҷавон низ то лаҳзаи охир аз кушта шудани онҳо хабар надоштанд.

Бовар кунед, писари калониам Ибодулло ҳамагӣ баъди се рӯзи сафараш ба Русия кушта шудааст ва мо – бехабар. Фақат ба мо гуфта буданд, ки онҳо боздошт шудаанд. Чанд бор ба мақомот ариза навишта, сабабҳои боздошти онҳоро фаҳмидан хостем, аммо бенатиҷа буд.

Волидону ҳамсар ва кӯдакони Ибодулло ва Шарифхон Валиев, ки бозгашти онҳоро интизор буданд, акнун дар сӯгашон нишастаанд. Аз Ибодуллои 30-сола ҳамсару ду фарзанд ва аз Шарифхони 26-сола низ ҳамсару як фарзанд боқӣ мондааст.

Дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хабари ба ватан овардани ҷасади ду сокини ин ноҳияро шуниданд, аммо дар ин замина ҳеҷ маълумоти расмӣ надоранд. Аммо Суманбӣ Бозорова, модари Ибодулло ва Шарифхон Валиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, тобути ин ду нафар субҳи 13-уми октябр ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб оварда шуда, сипас, ба зодгоҳашон интиқол хоҳад ёфт.

"Ибодулло баъди се рӯзи рафтан ба Русия кушта шудааст"

Суманбӣ Бозорова
Суманбӣ Бозорова

Модари Ибодулло ва Шарифхон Валиев гуфт, ки хабари кушта шудани писарони муҳоҷири худро ба тозагӣ фаҳмиданд. Ӯ гуфт, то ин вақт мақомоти интизомӣ чанд дафъа ба дари хонаи онҳо омада, дар бораи фарзандонашон иттилоъ гирифтанд, вале ҳарфе дар бораи кушта шуданашон нагуфтанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ, хешовандон дар Русия низ то ин дам хабари кушта шудани онҳоро дар ноҳияи Владимир пинҳон доштаанд. “Бовар кунед, писари калониам Ибодулло ҳамагӣ баъди се рӯзи сафараш ба Русия кушта шудааст ва мо – бехабар. Фақат ба мо гуфта буданд, ки онҳо боздошт шудаанд. Чанд бор ба мақомот ариза навишта, сабабҳои боздошти онҳоро фаҳмидан хостем, аммо бенатиҷа буд. Чанд рӯз пеш як хешамон аз Русия занг зада гуфт, ки фарзандонам кушта шудаанд ва ҷасадҳоро ба зудӣ мефиристанд”, - гуфт ӯ.

Ибодулло рӯзи 16-уми апрел ба Русия рафт, то дар навбатдорӣ бародарашро иваз кунад. Қарор буд, Шарифхон барои чанд вақт ба рухсатӣ ба назди ҳамсару кӯдакаш ба Тоҷикистон биояд

Чаро ним сол чизе нагуфтанд?

Модари Ибодулло мегӯяд, ки то ин дам ҷониби Русия далели кушта шудани писаронашро расман ба онҳо пешниҳод накардааст. Инчунин, маълум нест, ки чаро то ин дам ҷасадҳо ба наздиконашон супурда нашуд. Суманбӣ Бозорова мегӯяд, бисёр дилашон мехост, ки ба Русия рафта, асли қазияро аз мақомоти он кишвар бипурсанд, аммо тангдастӣ ба онҳо ин иҷозаро надодааст.

Маҳмадулло Валиев, падари хонавода, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду писараш баъд аз хатми мактаби миёна роҳ ба сӯи муҳоҷират пеш гирифта буданд ва аробаи зиндагиашон асосан аз ҳисоби пули онҳо мечархид. Ӯ гуфт, писари калониаш Ибодулло баъд аз хатми синфи нӯҳум ва Шарифхон пас аз хатми синфи 11-уми ба муҳоҷират рафта буд. “То ҷое хабар доштем, онҳо дар як бино ба ҳайси посбон кор мекарданд. Муҳоҷири одӣ буданд. Ибодулло рӯзи 16-уми апрел ба Русия рафт, то дар навбатдорӣ бародарашро иваз кунад. Қарор буд, Шарифхон барои чанд вақт ба рухсатӣ ба назди ҳамсару кӯдакаш ба Тоҷикистон биояд”, - нақл кард ӯ.

Бародарон қасди ҳамлаҳои террористӣ доштанд?

Маҳмадулло Валиев
Маҳмадулло Валиев

Волидони Ибодулло ва Шарифхон Валиевҳо дар ҳоле аз кушта шудани фарзандонаш иттилоъ ёфтанд, ки мақомоти ФСБ ҳанӯз моҳи апрел гуфтанд, дар вилояти Владимир “ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ” ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кушта шуданд. Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки инҳо бародарон Ибодулло ва Шарифхон Валиевҳо ҳастанд. Мақомоти ФСБ иддао карда буданд, ки ин ду зодаи Осиёи Марказӣ қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро доштанд.

Аммо дар як навори паҳнкардаи ФСБ на задухӯрди мусаллаҳона ва на осори тир дар деворҳо дида намешавад. Ин амалиёти ФСБ дар вилояти Владимир ба дунболи ҳамлаи маргталабона дар метрои шаҳри Санкт-Петрубрг сурат гирифт, ки бар асари он 15 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Русия дар ин кор Акбарҷон Ҷалилов, шаҳрванди Қирғизистонро айбдор карда, барои ҳамдастӣ дар ин таркиш чандин муҳоҷири дигар аз Осиёи Марказиро боздошт намуданд.

Агар дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, тайи як соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор шуда, боздошт ё тайи амалиёт кушта мегарданд.

Вале саҳнаҳои боздошти баъзе аз ин муҳоҷирон баҳсу гумонҳои зиёдеро барангехт. Аз ҷумла, Акрам Азимов, шаҳрванди Қирғизистон пас аз чанд моҳи дастгир шуданаш тавассути вакили дифои худ гуфт, ки кормандони ФСБ ӯро ғайриқонунӣ боздошт ва ба қаламрави Русия ворид карданд. Ӯ гуфтааст, пеш аз боздошт ба дасташ норинҷак дода буданд, то изи ангуштон дар он боқӣ монад.

"Агар писарони мо террорист буданд, далелаш куҷост?"

Зимнан, Суманбӣ ва Маҳмадулло, волидони Ибодулло ва Шарифхон Валиевҳо низ мегӯянд, ба террорист будани фарзандонашон бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, хонаводаи онҳо аз қишри миёнаи ҷомеаи Тоҷикистон буд ва бо чанд ҳазор рубли ёфтаи писаронашон дар Русия қаноат мекард. Онҳо мегӯянд, агар писаронашон террорист буданд, “чаро мақомоти Русия дар тӯли ним соли гузашта далелеро дар бораи амалҳои онҳо пешниҳод накарданд?”

Ин хонавода мегӯяд, бо ҷайби холие, ки дорад, тавони шикоят бурдану давутози зиёдро надорад. Фақат мехоҳанд, бори охир ба чеҳраи фарзандони худ бинигаранд ва онҳоро ба хок бисупоранд.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Агар дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, тайи як соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор шуда, боздошт ё тайи амалиёт кушта мегарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG