Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи хурди эътирозгарон дар Киев


Эътирозгарон дар Украина дар паи тазоҳуроти чанд рӯзи гузаштаи худ 19 октябр ба як пирӯзии хурде даст ёфтанд: парлумон тарҳи қонуни озодкунандаи вакилони мардумиро аз масуният дар баробари қонун ба Додгоҳи конститусионии кишвар ирсол карданд. Эътирозгарон аз президент Петро Порошенко талаб доранд, ки дар мубориза бо фасод ва роҳандозии ислоҳот дар бахши коррупсия иқдом кунад.

Садҳо эътирозгарон, ки бо ҳизбҳои сиёсӣ робита доранд, ин хабарро дар беруни сохтмони парлумон дар маркази Киев бо хушҳолӣ қабул карданд. Ин эътирозгарон рӯзи 17 октябр дар атрофи парлумон хайма задаанд. Мустафо Наим, як вакили ислоҳотталаб ва мунаққиди президент ин ҳодисаро “як пирӯзии хурд” унвон кард, ки зоҳиран шиддати эътирозҳоро поин мебарад. Дар баробари хаймҳо, ҳазорҳо эътирозгарон дар атрофи худ сипарҳои оҳанӣ гузоштаанд, ки шабеҳ ба амали тазоҳурчиёни Еврамайдан мебошад.

Дар соли 2014 дар паи эътирозҳои зидди ҳукумат президент Виктор Янукович аз қудрат ронда шуд. Дар миёни раҳбарони эътирозгарон аз ҷумла Михаил Саакашвилӣ, собиқ волии Одесса ҳам мебошад, ки озод кардани вакилонро аз масуният дар баробари қонун як роҳи мубориза бо коррупсия дар кишвар меномад. Талабҳои дигари эътирозгарон бозбинии қонуни интихобот, таъсиси додгоҳҳои зиддикоррупсионӣ ва эълони нобоварӣ ваё даъват ба импичменти президент мебошад.

XS
SM
MD
LG