Пайвандҳои дастрасӣ

1 млн $ аз Тоҷикистон нашуд. Шикасти “Истиқлол” аз “Эйр Форс” дар Ҷоми AFC-2017


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 аз тими “Эйр Форс” (ِAir Force)-и Ироқ, барандаи Ҷоми AFC-2016, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ба дастаи ғолиб – “Эйр Форс” - ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист – “Истиқлол” – 500 ҳазор доллар супурда шуд.

Голи ягонаро ироқиҳо дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 68-ум, ба дарвозаи “Истиқлол” ворид карданд. Голро Имад Мӯҳсин зад. Ҳаммадӣ Аҳмад аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонида натавонист. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 54-уми бозӣ тӯби аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи бозигари “Эйр Форс”-ро дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич баргардонд.

Довари ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан Муҳаммади 39-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб сардовар, Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун нозири доварон ва Патит Супхапхонгс аз Тайланд комиссари ин бозӣ буданд.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё – якуним миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб – “Эйр Форс” - ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба финалист – “Истиқлол” – 500 ҳазор доллар супурда шуд.

Ҷоми AFC-2017

Бозии ниҳоӣ
“Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Эйр Форс” (Ироқ) – 0:1

Гол: Имад Мӯҳсин, 68.

“Истиқлол” (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор, Артём Барановский, Нуриддин Давронов (Амирбек Ҷӯрабоев, 72), Ҷаҳонгир Алиев (Ромиш Ҷалилов, 86), Дмитрий Барков, Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Аҳтам Назаров, Александр Стетсенко, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 73).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

“Эйр Форс” (Ироқ): Фаҳад Толиб Раҳим, Самал Сайид, Самеҳ Сайид Меҷбел, Каррар Алӣ Барӣ (Аҳмад Абдулридҳа, 78), Имад Мӯҳсин Маҷид (Сайф Салмон Ҳошим, 76), Ҳаммадӣ Аҳмад Абдуллоҳ (капитан), Ҳумом Тариқ Фараҷ, Муҳаммад Зоҳир Алмедонӣ, Алӣ Баҳҷад Фадҳил, Себастиҷан Антик, Халид Алмбайид.

Сармураббӣ: Ҳуссам Алдин Ал- Сайид.

Огоҳӣ гирифтанд: Фатҳулло Фатҳуллоев, 56, Сиёвуш Асроров, 60, Муҳаммад Зоҳир Алмедонӣ, 66, Каррар Алӣ Барӣ, 86, Ромиш Ҷалилов, 90+2.

Аз пеналтӣ гол зада натавонист: Ҳаммадӣ Аҳмад Абдуллоҳ, 54.
Сардовар: Муҳаммад Абдуллоҳ Ҳасан (Имороти Муттаҳидаи Араб).

4-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ, 20000 тамошогар.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми AFC шуруъ аз соли 2004-ум барои бори чордаҳум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи ин Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар бошгоҳи варзишии “Кувайт” (Кувайт) се бор Ҷомро ба даст овардааст. “Ал-Файсал”-и Урдун ва “Эйр Форс”-и Ироқ дуборӣ соҳиби Ҷоми AFC шудаанд. “Ал-Қадсия” (Кувайт), “Ал-Муҳаррак” (Баҳрайн), “Ал-Ҷайш” (Сурия), “Шабоб Ал-Урдун” (Урдун), “Ал-Иттиҳод” (Сурия), “Насаф” (Узбакистон) ва “Ҷоҳор Дарул Такзим” (Малайзия) якборӣ барандагони Ҷоми AFC гардидаанд.

Футболбозони ироқӣ дар Душанбе
Футболбозони ироқӣ дар Душанбе

Аввалин барандаи Ҷоми AFC бошгоҳи “Ал-Ҷайш”-и Сурия мебошад, ки соли 2004-ум бар тими дигари ин кишвар “Ал Ваҳда”аз рӯи натоиҷи ду бозӣ (3:2 ва 0:1) пирӯз шудааст. Аз соли 2011 финал аз як бозӣ иборат аст. Соли гузашта низ “Эйр Форс”-и Ироқ дар бозии ниҳоӣ “Бенгалуру”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

«Истиқлол»-и Тоҷикистон соли 2015 дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда буд, аз дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрдааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG