Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Фузайлов: "Мо дигар нақша надорем, ҷуз роҳхат ба Ҷоми Осиё-2019"


Бозии даври панҷуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Яман 14-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад. Дар як нишасти хабарӣ, ки пеш аз ин бозӣ имрӯз, 13-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе доир шуд, Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, ки вазифаи дастааш шикаст додани рақиб ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтан аст.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохтааст.

Вай афзуд, “ҳамаи он нақшае, ки барои омодагӣ тарҳрезӣ карда будем, қариб комилан иҷро намудем. Ҳамаи бозигароне, ки ба ихтиёри дастаи мунтахаб омадаанд, дар ҳолати хеле хуб қарор доранд. Бачаҳо хуб мефаҳманд, ки чӣ гуна масъулиятеро бар дӯш доранд, аҳамияти бозии фардоинаро, ки бисёр чиро ҳал мекунад, дарк менамоянд. Ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб пирӯзӣ зарур аст. Мо пурқувват будани мунтахаби Яманро хуб медонем, бозиҳои охиринашро омӯхтаем. Табиист, ки дар назди мо вазифаи ҳатман ғолиб шудан ва гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2019 гузошта шудааст, мо дигар нақша надорем.”

Дар ин нишаст Абраҳам Мебрату, сармураббии мунтахаби Яман, иброз дошт, ки бозӣ муқобили тими миллии Тоҷикистон хеле мураккаб хоҳад гузашт. Ӯ афзуд, “рақиби мо дар ду даври охир ду пирӯзӣ ба даст овард. Вале мо дар се бозии охир танҳо яктоашро мусовӣ карда, имтиёзҳои муҳимро аз даст додем. Дар сабқати гурӯҳӣ мо ҳанӯз шикаст нахӯрдаем. Умедворам, ки ин силсила идома меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон рақиби пурқувват аст, ки дар майдони худ бо дастгирии ҳаводоронаш бозӣ мекунад. Бинобар ин, мо дарк мекунем, ки фардо бозии хеле вазнин мешавад. Вале мо ба инҷо баҳри пирӯзӣ омадаем.”

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохтааст. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад ва дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври чаҳоруми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 8 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 11-7) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 5-4) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 9-7) дар ҷойи севум мебошад. Мунтахаби Непал бо як имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 2-9) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Мусобиқоти гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ.

Бозиҳои ду даври боқимондаи гурӯҳи “F”

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

XS
SM
MD
LG