Пайвандҳои дастрасӣ

Зани қазоқ бо 4 фарзандаш аз Сурия ба Грозний интиқол ёфт


Анвар Жайнаков - сухангӯи Вазорати хориҷии Қазоқистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Анвар Жайнаков мегӯяд, дар байни даҳҳо нафаре, ки рӯзи 13 ноябр аз Сурия ба шаҳри Грознийи Чеченистон интиқол ёфтанд, шаҳрвандони Қазоқистон низ ҳузур доранд.

"Дар фурудгоҳи шаҳри Грозний онҳоро масъулони сафорати Қазоқистон дар Русия пешвоз гирифтанд. Рӯзҳои наздик ба ватан интиқол хоҳанд ёфт. Мо ба ҷониби Русия ва раҳбарияти Чеченистон ба хотири берун овардани шаҳрвандони Қазоқистон аз Сурия миннатдорӣ баён мекунем", - изҳор дошт сухангӯи ВКХ Қазоқистон.

Мақомоти Чеченистон пештар хабар доданд, ки даҳҳо шаҳрванди Русия аз Сурия ба Грозний оварда шуд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбакистон низ ҳастанд.

Биноба маълумоти мақомоти Қазоқистон, дар ҷангҳои Ироқу Сурия беш аз сад шаҳрванди ин кишвар иштирок дошта, даҳҳо зани қазоқ ҳамроҳи фарзандони худ низ дар он давлатҳо қарор доранд.​

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG