Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо корманди амниятии Афғонистон дар ҳамлаи Толибон кушта шуд


Маросими ҷанозаи афсари пулис, ки дар ҳамлаи Толибон кушта шуд. 14 ноябри соли 2017.
Маросими ҷанозаи афсари пулис, ки дар ҳамлаи Толибон кушта шуд. 14 ноябри соли 2017.

Мақомоти Афғонстон мегӯянд, ки ҷангиёни Толибон дар ҳамла ба постгоҳҳои амниятии ҷануб ва ғарби кишвар, дастикам 30 сарбози амнияти маҳаллиро кушта ба ҷой гузоштанд. Матиуллоҳ Ҳилол, сухангӯи волии вилояти ҷануби Қандаҳор рӯзи 14 ноябр гуфт, ки ба думболи ҳамлаи шабона ба 15 постгоҳи амниятӣ дар Мяванд ва Зарӣ, 22 ходими пулис кушта ва 15 афсари дигар захмӣ шуд.

Ба гуфтаи Ҳилол, дар ҷараёни даригиҳо ҷониби ҳамлавар 45 нафарро аз даст дод ва даҳҳо ҷангӣ захм бардоштанд. Сароҷуддин Сарҳодӣ, ҳокими ноҳияи Новаи Қандаҳор гуфт, ки дар постгоҳи минтақаи ӯ панҷ ходими пулисро куштанд. Дар ҳамлаи ҷудогона ба вилояти ғарбии Фараҳ, дасти кам се узви нерӯҳои амниятӣ ва се одами мулкӣ ба ҳалокат расид.

Сухангӯи Толибон Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт, ки ҳамла ба ҳарду вилоятро ҷангиёни Толибон анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG