Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кумитаи Олимпии Русия даъват карданд, ки Родченков парронда шавад


Леонид Тягачев дар нишасти Шӯрои Федератсияи Русия
Леонид Тягачев дар нишасти Шӯрои Федератсияи Русия

Дар кумитаи Олимпии Русия даъват шуд, ки раҳбари пешини озмоишгоҳи зидди-допингии Маскав Григорий Родченков, ки дар бораи истифодаи густардаи допинг дар варзиши Русия хабар дода буд, парронда шавад. "Родченков барои дурӯғгӯӣ, тавре Сталин мекард, бояд парронда шавад",- гуфт Леонид Тягачев, президенти фахрии кумитаи Олимпӣ, рӯзи 16 ноябр дар сӯҳбат бо шабакаи "Говорит Москва".

Комиссияи мустақили оҷонсии Ҷаҳонии зидди-допингӣ (WADA), соли 2015 гузоришеро дар бораи пуштибонии давлатии истифодаи допинг дар варзиши Русия нашр кард. Ин гузориш аз ҷумла бар пояи маълумоти Григорий Родченков таҳия шуд. Ба думбол салоҳияти РУСАДА - оҷонсии зидди-допингии Русия мутавақиф шуд. 16 ноябри соли 2017 WADA дархости барқарор кардани ҳақи фаъолияти РУСАДА-ро рад ва онро созмони "носозгор бо кодекс" эътироф кард. Дар Кремл ин қарорро ғайриодилона медонанд.

Григорий Родченков, ки дар ғиёбаш боздошт шудааст, ҳоло дар Амрико басар мебарад.

XS
SM
MD
LG