Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Узбакистон ҳамсарашро кушт ва ҷасадшро оташ зад


Сокини 36-солаи Узбакистон ҳамсарашро дар саҳро ба қатл расонда, баъдан ҷасади ӯро сӯзондааст. Ин ҳодиса рӯзи 13-уми ноябр дар вилояти Хоразм рух додааст.

Ба чӣ далел падари се фарзанд ба ин амал даст задааст, то ба ҳол дақиқ нест. Аммо наздикони ин ҷуфт мегӯянд, сабаби нофаҳмӣ дар хонавода қарзи бонкӣ буд, ки барои мурғпарварӣ гирифта буданд. Ҳамсояҳо мегӯянд, дар ин хонавода муноқишаву низоъ пайваста рух медод.

Давлатёр Исмоилов, яке аз ҳамсояи онҳо, гуфт, “рӯзи 4-уми ноябр ҳамсари мард ба хонаи модараш рафт. 9-уми ноябр талош кардем ки ин ҷуфтро ба созиш расонем. Ба онҳо гуфтем, ки шумо фарзанд доред. Вале ин ҳам кумак накард. Дертар ин фоҷиа рух дод.”

Падари ин мард мегӯяд, ки фарзандашро худ ба пулис таслим кардааст. Додситонӣ бар асоси моддаи "куштори барқасдона" парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG