Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи марги Умар Бобоҷонов аз сар гирифта шуд. ВИДЕО


Умар Бобҷоновро рӯзи 5-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд
Умар Бобҷоновро рӯзи 5-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд

Додситонии кулли Тоҷикистон дастур додааст, ки таҳқиқи марги Умар Бобоҷонов, як сокини шаҳри Ваҳдат, аз сар гирифта шавад. Ин парванда моҳи декабри соли гузашта ба далели ёфт нашудани гунаҳкори қазия аз тарафи Додситонии шаҳри Ваҳдат баста шуда буд.

Дар ин сурат таҳқиқи марги Умар Бобоҷонов бори сеюм оғоз мегардад

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш гӯё аз тарафи маъмурони пулис барои риш доштан латту кӯб шудааст, моҳи сентябри соли 2015 баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористон даргузашт.

Дар ин бора бештар бихонед:

Дар бораи дастури Додситонии кулли Тоҷикистон барои таҳқиқи дигарбораи марги Умар Бобоҷонов рӯзи 6-уми декабр дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт хабар доданд. Ин шабу рӯз дар ин додгоҳ баррасии даъвои Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар Бобоҷонов, алайҳи Додситонии кулл ҷараён дорад. Маҳмадсаид Бобоҷонов барои тафтиши ғайрисамарбахш (беҳосил ё беасар)-и марги писари 23-солааш аз Додситонии кулли Тоҷикистон 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст.

Гузориш аз ҷараёни баҳси додгоҳии падари Умар Бобоҷонов бо Додситонии кулл:

Падари Умар Бобоҷонов аз Додситонии кулл 350 000 сомонӣ ҷуброн хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Умар Бобоҷонов, рӯзи 6-уми декбар ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз нишондоди намояндаи Додситонии кулл муайян шуд, ки парванда ба тафтиши иловагӣ бармегардад”. Дар назар аст, намояндаи Додситонии кулл дар мурофаи рӯзи 8-уми декабр нусхаи қарорро ба додгоҳ пешниҳод кунад. Ба қавли Холматова, “дар ин ҳолат таҳқиқи марги Умар Бобоҷонов бори сеюм оғоз мегардад.”

Бинои Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи марги Умар Бобоҷонов дар ду соли қабл Додситонии кулли Тоҷикистон парванда боз карда, таҳқиқи қазияро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, таҳти назорат гирифта буд. Аз ҷумла, он вақт Рамазон Раҳимзода барои таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ таъсис дод, вале баъдан дар бораи натиҷаҳои ин таҳқиқот гузорише нашуд. Танҳо Додситонии шаҳри Ваҳдат гуфт, ки ба далели наёфтани гунаҳкорони қазия парвандаро бастааст.

Дар ҳоле ки хонаводаи Умар Бобоҷонов иддао доранд, ӯ барои риш мавриди латту кӯб қарор гирифта, баъдан дар бемористон даргузашт, дар суҳбатҳои ҷудогона бархе аз маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат гуфта буданд, ки гӯё Умар Бобоҷонов шаби 28-уми августи соли 2015 дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуда, аз ҳуш рафт.

XS
SM
MD
LG