Пайвандҳои дастрасӣ

AFC-2018: “Истиқлол” нахустин бозиро дар майдони худ мегузаронад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ширкати худро дар мусобиқоти Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми марти соли оянда дар майдони худ шуруъ мекунад. Рақиби қаҳрамони Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ғолиби ҷуфти плей-офф мешавад.

Дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон, ба мубориза барои Ҷоми AFC-2018 аз даври плей-офф шуруъ менамояд.

Дар мавриди агар ғолиби Ҷоми Тоҷикистон - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – тавонад ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ ёбад, онгоҳ «Истиқлол» дар ибтидои Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март муқобили хуҷандиҳо бозӣ мекунад.

Ба ҷуз «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот қаҳрамони Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, ки рӯзҳои наздиктарин маълум мешавад, мубориза мебаранд. Боз як ширкаткунандаи даври гурӯҳӣ дар минтақаи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд.

Дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон, ба мубориза барои Ҷоми AFC-2018 аз даври плей-офф шуруъ менамояд. Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон мегардад.

Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13-уми феврал дар меҳмонӣ, бозии ҷавобиро 20-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-218 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум

7 март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – Ғолиби плей-офф

«Олой» (Қирғизистон) – қаҳрамони Туркманистон

Даври 2-юм

14 март (чоршанбе)

Қаҳрамони Туркманистон – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

11 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – қаҳрамони Туркманистон

Даври 4-ум

25 апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

ҚаҳрамониТуркманистон – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум

2 май (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Қаҳрамони Туркманистон – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

16 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – қаҳрамони Туркманистон

«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG