Пайвандҳои дастрасӣ

Усмонҷон: "Ягона орзуям ин аст, ки саратон домани маро сар бидиҳад"


Усмонҷон

Усмонҷон ин шабу рӯз шояд беш аз ҳар кӯдаки дигар интизори Бобои Барфӣ ва мӯъҷизаи солинавӣ аст. Танҳо як орзу дорад, рӯзе пизишкон ба ӯ бигӯянд, ки сиҳат шудааст ва метавонад ҳар кореро дилаш хост, анҷом диҳад.

Вақте падару модарон мефаҳманд, ки фарзандашон саратон дорад, онҳо тан ба тақдир намедиҳанд. Ҳаракат мекунанд, дигар намуди ташхисҳои тиббиро гузаранд, ки ҳукми маргро рад кунанд

Вале ҳоло Усмонҷон бояд барои саломатӣ ва ҳаққи зиндагии хушбахт мубориза барад. Аз 8 соли зиндагиаш шаш соли Усмонҷон дар бемористону зери назари пизишкон гузаштааст. Вай гирифтори бемории саратон аст. Омоси дараҷаи сеи Усмонҷонро дар Маркази саратоншиносии кӯдакона дар шаҳри Душанбе табобат мекунанд. Модараш Умеда 28 сол дорад ва баъди бар асари саратон аз даст додани фарзанди нахустинаш тамоми талошро ба харҷ медиҳад, ки Усмонҷон сиҳҳат шавад.

Модару писар дар баробари 34 тифли маризи дигару волидонашон дар Маркази саратоншиносӣ бистарӣ ҳастанд. Синни онҳо аз 4-рӯза то 16-сола аст.

Усмонҷон ҳам дусола буд, ки табибон бемориро дар тани ӯ ошкор карданд. Дар ин муддат ҳамаи доруву дармон ва сӯзандоруро хуб мешиносад. Вале мегӯяд, аз ҳама сахташ химиятерапия аст. “Дарунам месӯзад. Ҳамаи ҷои баданам сахт дард мекунад”, - афзуд ӯ. Вай аз бахши дуюми химиотерапия гузаштааст.

Умеда
Умеда

Усмонҷон мегӯяд, вақте калон шуд, ҳатман пизишк мешавад, то кӯдакони мисли худро муолиҷа ва дардашонро кам кунад. Гоҳо худро «Халк» эҳсос мекунад, ки дар филми тасвирии маъруфи кӯдакона нақши як қаҳрамони билқувваро мебозад ва дар они воҳид аз одами оддӣ ба “дев” табдил мешавад.

Хонум Умеда мегӯяд, талоши ӯву ҳамсараш ин аст, ки Усмонҷонро наҷот бидиҳанд: “Ягона орзуям ин аст, ки фарзандам шифо ёбад ва ба орзуҳояш расад”. Умеда вақте фаҳмид, ки дар гардани Усмонҷон бемории саратон рушд мекунад, билофосила ба маркази саратоншиносии кӯдакон муроҷиат кард, то ӯ наҷот ёбад: “Танҳо пас аз сеюм омосе, ки дар гарданаш баромад, овардему ӯро ҷарроҳӣ кардем. Ҳоло ӯ курси химиятерапияро мегузарад”.

Модари Усмонҷон мегӯяд, дар зиндагии худ ҳамин чизро дарк кардааст, ки волидон бояд сари вақт аз вазъи сиҳҳатии фарзандони худ огоҳ шаванд ва аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Зумрад Мадаминова, як масъули Маркази саратоншиносии кӯдакона рӯзи 7-уми декабр гуфт, дар таҷрибаи кории худ волидони зиёдеро дидааст, ки то лаҳзаи охирин барои наҷоти ҷони ҷигарбандонашон мубориза мебаранд: “Вақте падару модарон мефаҳманд, ки фарзандашон саратон доранд, онҳо тан ба тақдир намедиҳанд. Ҳаракат мекунанд дигар намуди ташхисҳои тиббиро гузаранд, ки ҳукми маргро рад кунанд”.

Ба қавли Зумрад Мадаминова, аз 34 кӯдаки бемори саратон, танҳо панҷ нафарашон ба бемории саратони сабук гирифторанд. Бақия дар дараҷаи сангини беморӣ қарор доранд ва аз давраҳои химиятерапия мегузаранд.

Тибқи иттилои масъулони Маркази саратоншиносии кӯдакона, дар 11 моҳи имсол беш аз 1100 мавриди муроҷиат барои муолиҷа сабт шудааст. Аз инҳо дар ҷисми 800 кӯдак навъи бадсифат (“злокачественная опухол”)-и омос ташхис шудааст. Соле ҳар яке аз онҳо бояд шаш дафъа аз давраи химиятерапия гузаранд, то ки бемории саратон рушд наёбад.

Пизишкон мегӯяд, зинаи сеюми бемории саратон хеле вазнин аст. Падару модарон наметавонанд, доруи гаронбаҳоро ба даст оранд. Зеро як ампулааш се баробар қимат буда, ба 300 доллар баробар аст. Маркази саратоншиносии кӯдакона дар ҳамкорӣ бо Фонди хайриявии “Лона” барои кӯдакон дору ва таҷҳизоти лозимро ба ройгон таъмин мекунад.

Дилором Ҳакимова, намояндаи Фонди хайрияи “Лона” мегӯяд, ин марказ дар ҳамкорӣ бо Маркази саратоншиносии кӯдакона дар муддати ҳашт соли ҳамкорӣ барои муолиҷаи 752 кӯдаки гирифтори саратон ёрӣ кардааст.

Волидони Усмонҷон то давраи химиятерапия аз ҳисоби худ муолиҷаи писарро ба роҳ монданд ва ҳоло аз кумаки бунёди хайрия истифода мекунанд. Эҳтимол Усмонҷон Соли навро дар бемористон таҷлил кунад. Бовар дорад, ки ҳатман мӯъҷизае мешавад ва ӯ аз ин даргоҳ дав-давон берун меравад ва ба оғӯши дӯстону ҳамсолонаш меравад ва дубора таҳсилро дар мактаб идома медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG