Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Узбакистон 2700 нафарро афв кард


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми декабр бо имзои як фармон 2700 нафарро афв кард, ки баъзе нашрияҳои дохилӣ онро бузургтарин афв дар таърихи кишвар унвон карданд.

Ба навиштаи матбуот, аз 2700 нафар наздик ба ҳазор тан аз зиндон озод мешавад. Боқимондаи афвшудаҳо ё ҳабси шартӣ доштанд ё бо сабабҳое дар зиндон набуданд. Фармони Мирзиёев ба 25-умин солгарди Қонуни асосии Узбакистон рост омад, ки 8-уми декабри соли 1992 қабул шуда буд.

Якчанд рӯзноманигор, ки созмонҳои ҳуқуқи башар онҳоро зиндонии сиёсӣ арзёбӣ мекарданд, пас аз марги президенти пешин Ислом Каримов ва ба қудрат расидани Мириёев, дар моҳи сентябри соли 2016, аз маҳбас озод шуданд.

Моҳи октябри имсол созмони Ҳюман Райтс Вотч гуфт, ки мақомоти Узбакистон дар як соли аввали раҳбари Мирзиёев "қадамҳои мусбат"-ро пиёда карданд. Ба иттилои ин созмон, дар давоми як соли охир 14 зиндонии сиёсӣ озод шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG