Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элейҷа Каммингс: Флинн лағви таҳримҳои зидди Русияро ваъда дода буд


Майкл Флинн - собиқ мушовири амнияти милии Кохи сафед
Майкл Флинн - собиқ мушовири амнияти милии Кохи сафед

Мушовири пешини Доналд Трамп дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн дар ҷараёни маросими савганди президент як sms фиристод, ки ба лағви таҳримҳои зидди Русия рабт дошт. Дар ин бора ифшогаре ба қонунгузорони Амрико маълумот додааст. Флинн гуё ба коршарикаш навиштааст, ки тарҳи муштараки ҳастаӣ бо Русияро "мешавад оғоз кард".

Маълумоти ифшогарро сенатори демократ Элайҷа Каммингс рӯзи 6 декабр дар як нома нашр кард ва ин манбаро "қобили эътимод" номид. Флинн гӯё ба коршарики пешинаш гуфтаст, ки таҳримҳои зидди Русия бо аввалин фармони маъмурияти Трамп бардошта хоҳанд шуд. Дар бораи ингуна барнома қаблан хабаргузории Reuters низ гузориш дода буд. Кохи сафед ва худи Флинн ин маълумотро шарҳ надоданд.

Сухан дар бораи тарҳи сохтмони ҳудудан 20 нерӯгоҳи атомӣ дар Ховари Миёна буд, ки бояд якҷо бо Русия ва Фаронса сохта мешуд. Аммо ин тарҳ бинобар таҳримҳои ИМА алайи Русия наметавонист татбиқ шавад. Амрико баъди ишғоли Қрим дар соли 2014 алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кард. Тарҳ бидуни он ки оғоз шавад, аз байн рафт. Флинн дар Кохи сафед камтар аз як моҳ кор кард в таҳримҳои зидди Русия боз ҳам густариш ёфтанд.

Пинҳон доштани мулоқоташ бо сафири пешини Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк ва дурӯғ гуфтанаш ба кормандони Хадамоти федеролии тафтишот, ба карераи генерал Флинн шадидан зарба зад. Ӯ ахиран ба мушовири вежаи парвандаи дахолати эҳтимолии Русия дар умури интихоботи Амрико эътироф кард, ки ба кормандони FBI дурӯғ гуфта буд.

XS
SM
MD
LG