Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари терминали Ню Йорк то додгоҳ дар боздошт мемонад


Акейд Уллаҳ
Акейд Уллаҳ

Марди бангладешӣ, ки барои ҳамлаи интиҳорӣ дар терминали Ню Йорк талош кард, то баргузории мурофиаи додгоҳӣ дар боздошт мемонад. Чунин қарорро додгустари ИМА рӯзи чоршанбе қабул кард.

Марди 27 солаи бангладешӣ Акейд Улла аз рӯи чанд банд, аз ҷумла кӯмак ба созмони террористии хориҷӣ муттаҳам шудааст.

Акейд Улла - марди тарафдори гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", рӯзи 13 декабр аз бемористони Белвю тавассути видео дар мурофиа зоҳир шуд. Ӯ рӯзи 11 декабр ҳангоми талоши инфиҷор дар терминали идораи бандарии Ню Йорк маҷрӯҳ шуд ва чанд раҳгузари дигарро низ захмӣ кард. Бомбаи худсохте, ки Улла бо худ дошт, оташ гирифт, аммо натаркид. "Ман ин короро барои "Давлати Исломӣ" кардам",- гуфт Улла ҳангоми боздошт ба пулис.

Додгустар Кетрин Паркер ба Акейд Улла гуфт, ки ӯ ҳақ дорад вакил бигирад, аммо ягон изҳорот пахш накард.

Акейд Улла, ки аз соли 2011 дар ИМА зиндагӣ мекунад, сар аз соли 2014, баъди тамошои наворҳои тарафдори гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" тундрав шуд,- мегӯянд додситонҳо. Ӯ барои он даст ба ҳамла зад, ки ба гуфтаи худаш аз сиёсати ИМА дар Ховари Миёна норозӣ буд.

XS
SM
MD
LG