Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қишлоқӣ" - бренди ҷудоисози ҷомеа


Зафар Абдулло.
Зафар Абдулло.

Ин мавзӯъ ҳамрадифи зиндагиам аст. Ду паҳлӯи вуҷуди ман, ки баъзан дар зеҳнам бо ҳам меҷанганд ва талош мекунанд бароям собит созанд, ки яке бе дувумӣ наметавонад вуҷуд дошта бошад.

Ман шаҳриам, вале волидайнам зодаи русто мебошанд. Ман сокини пойтахтам, аммо аз минтақа омадаам. Пас, ман кӣ ҳастам?

Мафҳуми “қишлоқӣ” аз куҷо пайдо шуд?

Мафҳум ё шояд истилоҳи “қишлоқӣ” дар забони сокинони кишвар ба таври устувор ҷой гирифтааст. Маъмулан, бо шунидани ин калима табъи ҳамаи зодаҳои русто хира мешавад, зеро талаффузи ин калима маънии манфиеро дар пай дорад.

“Шаҳриҳо” зери ин мафҳум чӣ маъниеро мехоҳанд баён дошта бошанд? Аҷибии кор дар он аст, ки барои сазовор шудан ба ин мафҳум кофист, ки нишонаҳои зоҳирие фарқкунанда аз сокинони шаҳрро дошта бошед. Либоси миллӣ ё “либоси ношинами” аврупоӣ, мӯйи сари “нодуруст” кӯтоҳшуда, “рангубори миллӣ”-и абрӯҳо бо ӯсма, сӯҳбат бо лаҳҷаву овози баланд дар ҷойҳои серодам метавонанд аз ин нишонаҳои фарқкунанда бошанд.

Сафари дастҷамъонаи оилавӣ дар шаҳр ё бо ҳавопаймо низ метавонад боиси “қишлоқӣ” унвон шудани инсон шавад. Овозхонии сурудҳои халқии тоҷикӣ, бахусус агар он эстрадӣ не, балкӣ “тӯёна” бошад ва ононе, ки сурудҳои навъи рок ё операро намефаҳманду ба овозхонҳои рӯйхати MTV бетафовут бошанд, эҳтимолан “қишлоқӣ” дониста мешаванд.

Ҳоло душвор аст бигӯем, ки зери ин мафҳум чӣ маъние ниҳон аст ва аз кадом замон чунин ҷудоиандозӣ шурӯъ шудааст. Агар тасаввур кунем, ки чунин ҷудоиандозӣ то замони касби истиқлол вуҷуд дошт, пас метавон гуфт, ки ин амр як нишонаи рақобати ғайрирасмии фарҳангии миёни аҳолии русзабони пойтахту шаҳрҳои бузург ва аҳолии маҳаллӣ ё ӯзбекзабонони маҳалливу сокинони минтақаҳои кӯҳистонӣ буд.

Дар ин сурат, воқеан миёни ин ду қишри ҷомеа фарқиятҳои ҷиддии забониву фарҳангӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ вуҷуд доштанд ва мафҳуми “қишлоқӣ” ба маънии хати сурхе миёни онҳо табдил ёфта буд. Дар муқобили мафҳуми “қишлоқӣ” мафҳуми “русзада” пайдо шуд, ки рустоиҳо низ дар он маънии манфиеро ҷой дода буданд.

Рустоиҳо қишлоқиҳоро ҷанг мекунанд

Аммо аллакай 25 сол аст дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки дар он забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ авлавият доранд. Душанбе ба унвони пойтахти кишвар тағйироти куллиеро паси сар кард ва дастикам 90 дарсади сокинонашро зодаҳои рустоҳо аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ман ҳам якҷо бо оилаам аз як шаҳраки музофотӣ омадам ва то он замон таътилу вақти холигиамро дар рустои зодгоҳи волидайнам мегузаронидам. Тасаввурам ин буд, ки мавзӯи “қишлоқӣ” бояд аз байн мерафат, вале ин тавр нашуд.

Ҳоло ин мафҳумро ба як соддагиву маъмулӣ нафароне истифода мекунанд, ки дирӯзакак дар русто зиндагӣ мекарданд ё дар ин қишлоқ манзилу хешовандонашон ҳастанд. Кӣ дар қишлоқ (совхозҳои собиқ) хешу таборе надорад? Пас, чӣ мафҳумеро онҳо мехоҳанд зери ин калима баён дошта бошанд, ки ҳам миллӣ аст ва ҳам таҳқиромез мебошад?

Фикр мекунам, ҳоло ин калима маънии бештари манфиеро ба худ касб кардааст. Ҳоло бо ин калима талош мекунанд ҳар навъ нақзи маъмулӣ ё фарқиятҳои фарҳангӣ дар дохили ҷомеаро баён дошта бошанд. Агар нафаре кӯрпаҳои худро аз тиреза овезон кунад ё қолинашро дар саҳни ҳавлии бино бишӯяд, мо зуд мегӯем, ки “қишлоқӣ” аст. Вақте ба духтарҳо гаппартоӣ мекунанд ё дар кӯчаҳо партов паҳн мекунанд, боз ҳам “қишлоқӣ” мегӯянд.

Ҳатто агар ороиши манзил чандон “бошукӯҳ” набошад ё ба касе хуш наомад, зуд унвони “қишлоқӣ”-ро сазовор мешавад. Яъне, мӯд шудааст, ки ҳарчӣ маъқул нашуд, он бояд “қишлоқӣ” унвон шавад.

Бояд таъкид кунам, ки бештаре аз гӯяндаҳои ин калима худ ё дар русто таваллуд шудаанд ва ё бо қишлоқ робитае доранд. Агар инсон ба мартабаи баланде расиду либоси гаронбаҳое дар тан гирифт ва ё чанголи ғизохӯриро аз сешохаи ширинихӯрӣ фарқ мекунад, вай дигар қишлоқӣ нест ва “замонавӣ” шудааст.

Пӯшида нест, ки шахсан худам низ зери таъсири ин унсур қарор дорам ва на як бору ду бор нисбати нафаре ин калимаро раво дидам, агар касе ё чизе ба ман хуш наомада бошад. Эътироф мекунам, ки ин кори нодурусте буд. Аққалан, ба хотири он, ки ин як навъ таҳқири худам аст, ки замони ҷавониам дар деҳаи азизам Қибилӣ дар Норак гузаштааст.

"Қишлоқӣ" магар бад аст?

Агар “қишлоқӣ” чунин маънии манфӣ намедошт, шояд мо бо ин калима нафарони кушодачеҳраву дилсӯзеро унвон мекардем. Ба унвони мисол, нафаронеро, ки сари роҳи калон аз ҳаракат бозистода ба шахсони дармонда бе подоше кӯмак мекунанд. Ё бо калимаи “қишлоқӣ” нафароне ном мебурдем, ки касеро таҳқир накарда, бо ҳама яксон муносибат мекунанд. Зеро, маҳз дар рустоҳо демократияи воқеӣ вуҷуд дорад ва ҳатто кӯдак ба бобои худ ба як забон муроҷиат мекунад ва маҳз дар деҳа муаллими рустоӣ метавонад бо президент ҳамчун бо ҳамсояи худ сӯҳбат кунад. Охир, қишлоқӣ ҳамонест, ки заҳматкаш аст ва ҳаргиз чиркиниро дӯст намедорад. Шояд, онҳо дар муқоиса бо шаҳриҳо бештар шустушӯ мекунанд, ҳарчанд шароити муносибе ҳам надоранд.

Дар ҳамон рустои Қибилӣ аз замонҳои пеш оббозӣ кардани кӯдакону ҷавонон дар соҳили дарё бо оби яхи рӯдхона ҷоиз буд ва ҳама дар муқоиса бо ман саломатии хуб доштанду бемор намешуданд. Дар миёни кӯдакони деҳа гаштугузор бо калӯш роиҷ набуд. Ҳоло бошад дар шаҳр ба гунаи тақлид ба ғарбиҳо пӯшидани крассовка бе ҷӯроб нишони пешрафтагӣ дониста мешавад.

Калимаи “қишлоқӣ”, ҳамрадифи сокини русто ҳамзамон ба маънии “бегона”, “омада”, “аз мо фарқкунанда” табдил шудааст. Агар ба сокинони шаҳр рафтори бархе аз нафарони тоза шаҳрӣ шуда зимни хушомаду дунболгирии духтарон хуш наояд, насазад, ки ҳамаи ин нафаронро таҳқиромез зодаи рустоӣ доштанашро таъкид кард. Ҳамчунин дар истифодаи нодурусти обу шароити зист таъкид ба зодаи минтақаи дигар тааллуқ доштани шахс аслан қобили қабул нест.

Тааҷҷубовар аст, ки ҳоло худи зодаҳои шаҳр, ки аллакай 20-25 сола ҳастанд ё севу чаҳор наслашон шаҳрӣ шудаанд, чунин муносибатро ба худ раво медонанд. Онҳоро низ “қишлоқӣ” меноманд, ҳарчанд онҳо муддатҳо қабл “шаҳрӣ” шудаанд.

Омили ҷудоисозии ҷомеа

Мо ба ин мафҳуми маъмулӣ одат кардаем, зеро калимаи дигареро барои ибрози норизоиятии худ аз амалҳои манфии атрофиён эҷод накардаем. Бо тавсиа додани амалҳои мухталифе, ки бо ин мафҳум талоши баёнашро дорем, мо тақвияти коршоямии ин калимаро ба унвони омили ҷудоисозии ҷомеа ва миллат анҷом медиҳем.

Ҳамин идгардаки кӯдакон, ки ҳамаи мо онро дӯст медорем, чӣ бадие дорад? Бархе аз дӯстонам ин амалро низ “қишлоқӣ” унвон мекунанд. Дуруст аст, ки ин одат хоси рустоҳо аст ва аз он ҷо ба пойтахт омадааст. Вале чӣ бадие дорад? Танӯр ва нони гарми дар он пухташуда чӣ бадие дорад? Бадӣ дар он аст, ки барои занҳои биноҳои баландошёна ҷоеро барои нонпазӣ мушшахас накардаанд, то онҳо тавонанд дастҷамъона нонпазӣ кунанд.

Ё бигирем ғизои “қишлоқии” қурутобро, ки ҳоло дар пойтахт хеле маъмулӣ шудааст. Қурутобро мардум аз як табақ бо дастони луч мехӯранд, зеро ин тавр ғизо лазизтар аст. Ин ҳам ваҳшоният аст?

Бояд ҳамзамон тарафи дигари ин мушкилро низ таъкид кунам. “Қишлоқиҳои” ба шаҳр омада ба навбати худ аҳолиии шаҳрҳоро “бодичаву” аз асли миллии худ дуршуда медонанд. Деҳотиҳо бар ин назаранд, ки шаҳриҳоро “тамаддуни фаромиллӣ” аз худ бехуд кардааст ва бар ин назаранд, ки дар шаҳр “ҳама чиз умумӣ аст ва набояд онро эҳтиёт кард”.

Албатта, чунин вазъ низ қобили қабул нест ва ба гунаи шаҳрҳои дигари бузурги ҷаҳон бояд барномаҳои фарогири иттилоотӣ рӯи даст гирифта шавад, ки бо истифода аз ҷаримаҳо ҳамаи шаҳрвандон ба иҷрои муқаррароти умумӣ водор карда шаванд. Чунин як талоше дар пойтахти Тоҷикистон замони раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифта буд ва Кодекси рафтори сокини Душанбе қабул шуд. Аммо ин санад кор накард, зеро ин ҳуҷҷат наҳваи машваратӣ дошт ва дар маҷмӯъ дар сатҳи давлатӣ ба ин мушкил касе дар амал машғул нашудааст.

Қишлоқӣ будан – намунавӣ будан аст!

Чунин тасаввуре вуҷуд дорад, ки роҳи ҳалли баҳсҳои кӣ қишлоқӣ аст ва кӣ шаҳрӣ, метавонад таҷдиди сохтори коммуналӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари бузург бошад. Ҳалли ин мушкил ба сатҳи бузурги муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон низоми ҷаримаҳои воқеӣ, на рамзӣ, барои рафтори ғайрифарҳангӣ нисбати онҳое, ки ин муқарраротро вайрон мекунанд, зарур аст. Набояд фарқе гузошт, ки ин шахс шаҳрӣ аст ё рустоӣ.

Ҳамон Сингапури машҳур ба шаҳри пешрафтаи ҷаҳонӣ замоне табдил ёфт, ки низоми муҷозот барои сокинон аз туф кардан ба замину истифодаи нақлиёти мусофирбар бидуни билет роҳандозӣ шуд...

Бояд иқрор шавем, ки ҳоло дар Душанбе ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам аз дигар ҷой омада ба туфкунӣ машғуланд. Ҷавонони ҳам шаҳриву ҳам рустоӣ ба духтарон хушомад мекунанду бо садои баланд ҳарф зада, дашномҳоеро ба забон мегиранд. Зимни навбатпойӣ ҳам шаҳриву ҳам қишлоқӣ новобаста аз маҳалли зодгоҳ моро мудом тела медиҳанд.

Шояд акнун қабл аз ба касе гуфтани калимаи “қишлоқӣ”, шояд мо “шаҳриҳо” андеша кунем, ки оё ин ҳарфҳои мегуфтаи мо дуруст аст ё мо худ бефарҳангу ваҳшие ҳастем, ки нисбати ҳаммеҳани худ вобаста ба вазъи иҷтимоӣ таҳқиреро раво медонем?

Шояд калимаи “қишлоқӣ”-ро ба унвони меъёре истифода барем, ки тамоми аҳолӣ бояд ба он баробар шавад. Ба унвони мисол, бештар бигӯем, ки “қишлоқӣ бошу хушгуфтору хушрафтор”, “дар русто одам ин хел рафтор намекунад, партовро дар манзили худ ё назди ҳавлии ҳамсоя партоб намекунанд”, “қишлоқӣ ҳарф зан, забонатро бо калимаҳои қабеҳ расво накун”.

Он вақт ибораи машҳури “Душанбе як қишлоқи бузург” тобиши тамоман мусбатро ба худ хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG