Пайвандҳои дастрасӣ

Макмастер: "Трамп аз рафтори Покистон хаста шудааст" ВИДЕО


Генерал Ҳерберт Макмастер

Ҳерберт Макмастер, мушовири амниятии Кохи Сафед мегӯяд, сабру таҳаммули Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз амалкард ва рафтори Покистон ба поён расидааст.

Ӯ рӯзи 3-уми декабр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Садои Амрико, Покистонро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротгаро ба мисли Толибон муттаҳам кард. Аз ин пештар ва дар рӯзи 1-уми январ Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки Амрико дар давоми 15 соли охир ба Покистон беш аз 33 миллиард доллар кӯмак кардааст, “вале онҳо дар ҷавоб ба мо ҷуз дурӯғу фиреб чизе надоданд. Онҳо ба террористоне, ки мо бо онҳо дар Афғонистон меҷангем, паноҳгоҳ доданду кӯмаки каме карданд. Дигар бас аст”, навишт Доналд Трамп.

Ончӣ ноумедкунанда аст, амалкарди Покистон бар зидди манофеи худи мардум, аст, ки гурӯҳҳои ифротиро интихобан таъқиб мекунад ва ба Толибон паноҳгоҳҳои амн медиҳад ва кӯмак мекунад.

Генерал Макмастер, зимни шарҳи баёнияи раиси ҷумҳури Амрико гуфт: “Раиси ҷумҳур аз рафтори Покистон хаста шудааст. Покистон ба гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ медиҳад ва интихобан баъзе аз гурӯҳҳои тероористиро таъқиб мекунад ва баъзеи дигарро ба ҳайси абзори сиёсати хориҷӣ ба кор мебарад.

Ончӣ ноумедкунанда аст, амалкарди Покистон бар зидди манофеи худи мардум, аст, ки гурӯҳҳои ифротиро интихобан таъқиб мекунад ва ба Толибон паноҳгоҳҳои амн медиҳад ва кӯмак мекунад. Ҳамчунин ба раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ иҷоза медиҳад, ки дар Покистон фаъолият кунанд ва баъзе аз қисматҳои кишвар ва Афғонистонро ба дӯзах табдил медиҳанд. “

Амрико бо Покистон бозӣ надорад

Генерал Макмастер дар ин сӯҳбат гуфт, ки Амрико бо Покистон бозӣ намекунад ва мехоҳад, ошкоро ба он бирасонад, ки Иёлоти Муттаҳида чунин рафтори таззодомезро қабул надорад. Ӯ дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки раиси ҷумҳур бо мардуми Покистон ҳамдард аст, чун онҳо ҳам аз дасти террористон ранҷ кашидаанд ва қурбонӣ додаанд.

Доналд Трамп, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур ва Ҳерберт МакМастер
Доналд Трамп, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур ва Ҳерберт МакМастер

Мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ гуфт, баёнияҳои ҳукумати Амрико иттиҳом ва ё маломат кардани Покистон нест, балки возеҳ кардани он аст, ки Амрико наметавонад, дар ҳамкорӣ бо он кишвар ин гуна тазодҳоро бипазирад. Барои ҳамин ба гуфтаи генерал Ҳерберт Макмастер бояд ду тараф барои барқарории субот дар Афғонистон саъй кунанд.

“Мо бояд ҳоло ба ҳамкории воқеӣ шурӯъ кунем, ки вазъи Афғонистонро ба эътидол биёрем ва аз роҳе, ки ба манфиати мардуми Покистон ҳам бошад”- гуфт, ӯ.

Генерал МакМастер афзуд, ин ҳамкорӣ бояд тавре сурат бигирад, ки ба нафъи Покистон ҳам бошад: “Покистон кишвари дорои имконоти фавқуллодаи иқтисодиву инсонӣ аст. Барои ҳамин мо мехоҳем, Покистон бо назардошти манофеи худаш амал кунад, таъқиби интихобии ин гурӯҳ ро хотима бидиҳад. Ба онҳо паноҳгоҳ надиҳад ва ҳимояти раҳбарони он гурӯҳҳоро бас кунад. “

Чин ҳам тарафдори рафтори Покистон нест

Ба гуфтаи генерал МакМастер ҳеҷ кишвари минтақа ва аз ҷумла Чин ҳам намехоҳад, ки Покистон ба ҳеҷ гурӯҳи террористӣ паноҳгоҳ бидиҳад ва онҳоро барои пешбурди ҳадафҳояш истифода кунад.

“Ман фикр мекунам, ки Покистон мехоҳад, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористие ба мисли гурӯҳи Ҳаққонӣ ва Толибонро идома диҳад. Ин албатта ба нафъи Чин нест. Чин дар марзи ҷанубиаш мушкилоти террористонро дорад, ки ба Покистон иртибот мегирад. Чин намехоҳад, ки Покистон чунин равишро идома бидиҳад, баъзе аз гурӯҳҳоро интихобӣ таъқиб кунад ва дигаронро ба ҳайси абзори сиёсати хориҷӣ истифода барад.”

Покистон як кишвари мусаллаҳ бо бомби атомист ва хабарнигори Садои Амрико аз генерал МакМастер пурсид, ки оё Покистон наметавонад, барои пешбурди ҳадафҳояш ба бомби атомӣ такя кунад.

Посухи мушовири раиси ҷумҳури Амрико чунин буд: “Ба назари ман, ин кори оқилонае аз тарафи раҳбарони Покистон нахоҳад буд. Ман тасаввур намекунам, ки раҳбарони Покистон аслиҳаи атомиро барои таҳдиду тамаъҷӯӣ истифода кунанд. “

Кохи Сафед гуфтааст, ки ба сабаби рафтори таззодомези ҳукумати Покистон ва ҳимояти он аз гурӯҳҳои ифротгаро ироаи 255 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Покистонро бозмедорад. Ин кишвар яке аз шарикони наздики Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо терроризм аст.

Дар вокуниш ба интиқодҳои Амрико, Хуррам Дастгирхон, вазири дифои Покистон гуфтааст, ки Исломобод ба ҳайси “як муттафиқи зиддитеррористии ИМА дар давоми 16 соли охир ба ин кишвар имкони истифодаи озод аз қаламрави Покистон, васоили пойгоҳҳои низомӣ, ҳамкориҳои истихборотӣ барои нобуд кардани Ал-Қоидаро фароҳам овард, вале Амрико ҷуз даъвову нобоварӣ дигар чизе дар ҷавоб надод”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG