Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти таъсиси ҳукумати эътилофӣ дар Олмон


Ангела Меркел ва Мартин Шултс
Ангела Меркел ва Мартин Шултс

Олмон, ки баъди интихоботи порлумонӣ, инак, 110 рӯз мешавад бидуни ҳукумат ба сар мебарад, рӯзи 12-уми январ аз тасмими шурӯи музокироти ташкили ҳукумати эътилофӣ хабар дод.

Музокироти миёни сиёсатмадорони нирӯҳои Христиану демократ, Иттиҳоди иҷтимоии христианҳо ва Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар 25 соат идома дошт. Онҳо аз ҳамаи ҳизбҳои дигар даъват намуданд, ки ба ин эътилоф ҳамроҳ шаванд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар як нишасти муштараки матбуотӣ бо ҳизбҳои дигар дар Берлин рӯзи 12-уми январ гуфт: ​"Ҳизби христиану демократ бо раъйи оро санадеро қабул кард, ки дар он натиҷаи музокироти мо бо дигар ҷонибҳо дарҷ шудааст. Ин санад бар пояи мувофиқати ҷонибҳои зиёд ба даст омадааст. Мо ба ҳизби худ машварат медиҳем, ки музокиротро дар амри ташкили ҳукумати собит шурӯъ кунад."

Қарор аст, таъсиси ҳукумати эътилофӣ то охири моҳи январ ниҳоӣ шавад. Яке аз ҳадафҳои муҳими ҳукумати нав тақвияти нақши Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Сотсиал-демократҳову муҳофизакорон тарафдорони афзоиши хароҷот барои тақвияти нуфузи Иттиҳоди Аврупо ҳастанд. Як тавофуқи дигари ҷонибҳо ин шуд, ки мизони қабули муҳоҷирон ба кишвар маҳдуд ва дар ҳаҷми аз 180 то 220 ҳазор нафар дар сол муқаррар шавад. Мушкили муҳоҷират яке аз дардисарҳои ҳукумати Меркел шуд, ки дарҳои Олмонро барои садҳо ҳазор муҳоҷирони фироркарда аз кишварҳои ҷангзада боз кард.

Гуфта мешуд, ки дар сурати адами тавофуқ бо шарикони дигар, Ангела Меркел ҳам бо хатари аз даст додани курсии раҳбари ҳукумат рӯбарӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG