Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2018: Натоиҷи қуръакашӣ дар минтақаи Суғд


Марҳалаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2018 дар минтақаи Суғд бо ширкати ҳашт даста рӯзи 20-уми январ шуруъ мешавад.

Бар асоси қуръакашӣ, ки дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хистеварз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Зафаробод), «Ашт» (Ашт) ва «Эсхата» (Хуҷанд) дохиланд. Гурӯҳи «Б»-ро дастаҳои Мактаби махсуси футбол (Конибодом), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Истаравшан» (Истаравшан) ташкил медиҳанд.

Тибқи дастури мусобиқот бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Баъдан бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаҳои мағлубшуда аз идомаи мубориза маҳрум мешаванд. Финалистони марҳалаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ-2018 дар минтақаи Суғд ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки моҳи феврал дар Душанбе барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳалаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ маҳсуб мешавад, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

Натоиҷи қуръакашии марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Суғд:

Гурӯҳи «А»: «Хистеварз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Зафаробод), «Ашт» (Ашт), «Эсхата» (Хуҷанд).

Гурӯҳи «Б»: Мактаби махсуси футбол (Конибодом), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан).

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

20 январ (шанбе)

15:00 – Мактаби махсуси футбол (Конибодом) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

15:00 – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Истаравшан» (Истаравшан)

21 январ (якшанбе)

15:00 – «Эсхата» (Хуҷанд) – «Равшан» (Зафаробод)

23 январ (сешанбе)

15:00 – «Хистеварз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ашт» (Ашт)

Даври 2-юм

23 январ (сешанбе)

15:00 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)

15:00 – «Истаравшан» (Истаравшан) – Мактаби махсуси футбол (Конибодом)

27 январ (шанбе)

15:00 – «Ашт» (Ашт) – «Эсхата» (Хуҷанд)

15:00 – «Равшан» (Зафаробод) – «Хистеварз» (Бобоҷон Ғафуров)

Даври 3-юм

26 январ (ҷумъа)

15:00 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Истаравшан» (Истаравшан)

15:00 – Мактаби махсуси футбол (Конибодом) – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)

30 январ (сешанбе)

15:00 – «Хистеварз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Эсхата» (Хуҷанд)

15:00 – «Равшан» (Зафаробод) – «Ашт» (Ашт)

Нимфинал

2 феврал (ҷумъа)

1 «А» – 2 «Б»

1 «Б» – 2 «А»

Финал

5 феврал (душанбе)

XS
SM
MD
LG