Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои марҳалаи пешакии Ҷоми ФФТ. Кӣ бо кӣ бозӣ мекунад?


Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) тақвими бозиҳои марҳалаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2018 дар минтақаи Душанберо, ки 22-юми январ шурӯъ мешавад, тасдиқ кард.

Мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳалаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - барпо мегардад.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок мекунад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бозиҳои гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегарданд.

Бозиҳои гурӯҳи «Б» бо иштироки дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегарданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳалаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ маҳсуб мешавад, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

Таркиби гурӯҳҳои марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Гурӯҳи «Б»: «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе), ССКА «Помир» (Душанбе).

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

22 январ (душанбе)

11:00 – «Кӯктош» – «Маҳаллаи-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – ССКА «Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

23 январ (сешанбе)

11:00 – «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – «Барқчӣ» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

24 январ (чоршанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Маҳаллаи-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

25 январ (паҷшанбе)

11:00 – «Вахдат» – «Локомотив-Памир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

26 январ (ҷумъа)

11:00 – «Кӯктош» – ССКА «Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Маҳаллаи-83» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

27 январ (шанбе)

11:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – «Барқчӣ» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG