Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ду додраси тоҷик барои қонуншиканӣ


Ду додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор аз мақоми худ барканор гардиданд. Дар як фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 20-уми январ содир шуд, сабаби барканории Парвиз Холмуродзода ва Дилшод Искандарзода “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” гуфта шудааст.

Тайи як соли ахир тақрибан даҳ додраси додгоҳҳои кишвар бо айни чунин иттиҳом аз кор ронда ва ба баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, бо сабаби нақзи қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо рӯзи 10-уми январи имсол муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон Орзу Абдуллозода ва додраси ҳамин додгоҳ Иброҳим Қурбонзода аз мақомҳояшон озод шуданд.

Аз он пештар, тобистони соли гузашта, раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ баъди ҳамагӣ панҷ моҳи кор аз мақомаш барканор гардид. Дар фармони барканории ӯ низ гуфта шуд, ки Исмоил Мирмахсумиён “бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз кор ронда шуд. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки ин афрод ба чӣ қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, барканории баъзе аз додрасҳо бо сабаби нақзи қонун эътимоди бе ин ҳам то ҳадде костаи мардум ба адолати додгоҳӣ дар кишварро камтар хоҳад кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG