Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни асосии Русия шикояти Навалнийро баррасӣ накард


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Додгоҳи конститутсионӣ ё Қонуни асосии Русия шикояти Алексей Навалнийро аз болои қонуни федералӣ дар бораи интихоботи президентӣ ба баррасӣ нагирифт. Қонуни мазкур даъвогаронеро, ки доғи судӣ доранд, ба интихобот роҳ намедиҳад.

Радди баррасӣ "фаврӣ" – ҳамагӣ баъди се рӯзи ворид шудани шикоят – эълон гардид. Ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасод Иван Жданов рӯзи 19-уми январ гуфт, чунин тарзи баррасии муроҷиатҳо дар гузашта ҳамагӣ як дафъа – замоне ки президенти Русия Владимир Путин дар мавриди ҳамроҳшавии Қрими ғасбшуда муроҷиат карда буд – такрор шудааст.

Алексей Навалний, раҳбари мухолифон дар Русия, аз ҷой доштани духӯрагӣ дар қонуни интихобот ба Додгоҳи конститутсионии Русия рӯзи 16-уми январ шикоят бурд. Навалний аз додгоҳ хост, монеаҳоеро, ки дар қонуни интихоботӣ вуҷуд доранд, ғайриконститутсионӣ эътироф кунад.

25-уми декабри соли гузашта Кумисюни марказии интихобот дархости Навалнийро барои номзад шудан дар интихоботи президентӣ рад кард. 30-юми декабр Додгоҳи олии Русия низ шикояти сиёсатмадорро дар мавриди ғайриқонунӣ эътироф кардани қарори кумисюни интихоботӣ рад намуд.

Намояндагони мухолифи Кремл роҳ надодани ӯро ба интихобот ғайриқонунӣ меноманд. Навалний аз ҳаводоронаш хостааст, рӯзи 28-уми январ бо нишони эътироз ба хиёбонҳо бароянд.

XS
SM
MD
LG