Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун қабул шуд. Додрасҳои тоҷик мустақилтар мешаванд ё баръакс? ВИДЕО


Ин рамз баёнгари он аст, ки додрасҳо бояд дар вақти содир кардани ҳукм адолатро риоя кунанд
Ин рамз баёнгари он аст, ки додрасҳо бояд дар вақти содир кардани ҳукм адолатро риоя кунанд

Вакилони Маҷлиси Намояндагон иловаҳоро ба қонун дар бораи кори додрасҳо қабул карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати онҳо пешбинӣ шудааст. Муаллифон тағйироти навро бахше аз ислоҳоти низоми додгоҳӣ гуфтанд, б​аъзе ҳуқуқшиносон як қадами дигар барои пойбанд намудани додрасҳо аз мақомоти қудратӣ номиданд.

Равшан Раҷабзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 20-уми октябр тарҳи тағийру иловаро ба қонун дар бораи судҳои Тоҷикистон муаррифӣ кард. Вай гуфт, дар қонун моддаи нави "боз доштани ваколати судя"-ро илова намудаанд.

Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагон
Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагон

Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси Намояндагон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ислоҳро чунин шарҳ дод:

"Якум, асоси пешбинишуда ин аст, ки агар ӯ бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида интихоб ё таъин гардида бошад. Дуюм, агар ӯ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур карда шуда бошад. Сеюм бо тартиби муқарраршуда ҳангоми ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯ ризоият дода шуда бошад. Дур кардани ваколати судҳо аз тарафи коллегияи тахассусии судҳои Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад."

Хонум Мирзозода ҳамчунин шарҳ дод, ки нисбати додрас, агар аризаи шикоятӣ ба мақомот расаду тафтишот сурат гирад, то анҷоми тафтишоти муфаттишон, ваколаташ боздошта мешавад.

Паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ

Муаллифони тарҳ, ки гурӯҳе аз вакилони порлумон ҳастанд, ҳадаф аз қабули онро мусоидат ба татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ номиданд. Аммо баъзе аз ҳуқуқшиносон ва адвокатҳое, ки аз низоми додгоҳии Тоҷикистон огоҳӣ доранд, мегӯянд, қабули чунин меъёр дахолат ба кори додрасҳоро бештар мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, ин тағйирот паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ дорад.

Ҳакимов 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҷиҳати мусбат он аст, ки шояд боиси бештар гардидани масъулияти додрасҳо дар тамоми сатҳҳо гардад, зеро назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бештар ҳис мекунанд. Вале ҷиҳати манфӣ дар он аст, ки то як андоза адолати судӣ халалдор мегардад. Зеро дар низоми адолати судӣ мустақилии додрасҳо дар ҳамаи сатҳҳо вобаста мешавад, аз мавқеи мақомоти дигари қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, вале ин бояд баръакс бошад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Додрасҳои тоҷик мустақилтар мешаванд ё баръакс?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамеша гуфтаанд, бар асоси Қонуни асосии кишвар, додрасҳо мустақиланд ва касе ба корашон дахолат намекунад. Аммо танқидҳое ҳаст, ки додрасҳо дар Тоҷикистон дар эълони ҳукмҳо мустақил нестанду пойбанди мақомот мебошанд.

Яке аз ҷаласаҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Яке аз ҷаласаҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Тарҳи қонун, ба назари бархе ҳуқуқшиносон, чунин пойбандиро акнун аз роҳи қонунӣ бештар месозад.

Ба назари Шӯҳрат Қудратов, адвокати тоҷики муқими Русия, чунин тағийрот фишор болои додрасҳоро аз роҳи қонун фароҳам месозад.

"Хоҳед ё нахоҳед, аз болои 90 дарсади қарорҳое, ки додрасҳо дар Тоҷикистон қабул мекунанд, тарафе шикоят мекунад. Пас аз қабули ин санад, акнун додрас дар вақти қабули қарор дар мадди аввал фикр мекунад, ки ҳамин санадро қабул кунам, нисбати ман чӣ мешавад? Акнун додрасҳо пурра аз ҳукумат вобаста мешаванд, ки ҳар лаҳза супоришро иҷро накард, дар асоси ҳамин тарҳ фаъолияти ӯро боз медоранд", -- гуфт Шӯҳрат Қудратов.

"Агар додрасҳо мустақил бошанд..."

Муаллифони тарҳ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон чунин назари Шуҳрат Қудратовро беасос медонанд ва таъкид карданд, тарҳе, ки онҳо таҳия намудаанд, дар таҷрибаи баъзе кишварҳои хориҷа низ аст.

Шуҳрат Қудратов
Шуҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов, мегӯяд, "дар умум низоми додгоҳӣ дар кишвар ба фасод олуда шудааст" ва беҳтар аст, вакилони порлумон сари чунин мушкил таваҷҷӯҳ кунанд. Ӯ ба ин назар аст, ки агар фаразан додрасҳо ва мақомоти қудратӣ, ки салоҳияти оғози парвандаро доранд, дар Тоҷикистон одилона кор кунанд, "аксар маҳкумшудагон аз маҳбас озод ва мансабдороне, ки ба фасод даст доранд, маҳкум ба зиндон мешаванд."

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз 25 нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Баъзе аз коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз мушкилиҳои асосӣ дар низоми додгоҳӣ медонанд.

Яке аз интиқоди асосӣ аз низоми додгоҳӣ ин аст, ки додрасҳо хеле кам ҳукми сафедкунанда содир мекунанд ва тақрибан ҳамон чизеро, ки додситон пешниҳод мекунад, тасдиқ мекунанд. Назаре, ки мақомот онро ҳамеша рад карда гуфтаанд, ҳукми додрасҳо дар асоси далелҳои асоснок содир мешавад.

Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон моҳи декабри соли 2020 дар гузорише гуфт, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад. Мақомоти Тоҷикистон низоми адлияи худро одилона мешуморанд.

XS
SM
MD
LG