Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро гурезаҳои афғонистонӣ мехоҳанд, аз Тоҷикистон "бигурезанд"?


Фаришта Каримӣ ба далели амниятӣ нахост, чеҳраашро нишон бидиҳад
Фаришта Каримӣ ба далели амниятӣ нахост, чеҳраашро нишон бидиҳад
Бисёре аз гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон дар сар ҳавои кӯчидан ба Канадаро доранд. Шароити беҳтари зист, имкони фаровони рушд ва имтиёзҳои дигари иҷтимоӣ аз далелҳои онҳост. На ҳама ба кишвари орзуҳои худ мерасанд.

Модари Фаришта орзуяшро ба гӯр бурд

Фаришта Каримӣ, паноҳҷӯйи 25-солаи афғонистонӣ, бо шаш хоҳару бародари ноболиғаш аз Тоҷикистон ба Канада рафтанист. "Модарам чаҳор моҳ пеш дар Тоҷикистон фавтид. Саратон дошт. Бисёр мехост, моро ба Канада барад, зиндагии беҳтаре муҳайё кунад. Ҳоло меравем, гӯри ӯро дар Тоҷикистон мемонем," -- гуфт ӯ.

Хонаводаи онҳо чаҳор сол пеш аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуреза шуд. Падари Фариштаро ҷангҷӯён соли 2012 куштаанд. Фаришта бо модар ва шаш хоҳару бародараш дар Тоҷикистон паноҳгоҳ ёфтанд, то аз ин ҷо ба Канада бикӯчанд.

"Дар онҷо (Канада) холаҳову аммаҳоям ҳастанд. Онҳо мусоидат карданд, ки ҳуҷҷатҳои мо дуруст шавад ва инак озими Канада ҳастем. Бо вуҷуди сарпараст будани наздиконамон ин марҳила чаҳор сол тӯл кашид. Ба хотири ояндаи додарҳову хоҳарҳоям мехоҳем, ба Канада биравем. Онҷо таҳсил кунанд ва як зиндагии хубе бисозанд," -- нақл кард Фаришта Каримӣ.

Ба қавли ин паноҳҷӯи афғонистонӣ, қариб ҳамаи гурезаҳои ҳамватани вай дар Тоҷикистон талош ва орзуи рафтан ба Канадаро доранд. Ба гуфтааш, ҳарчанд дар Тоҷикистон паноҳгоҳу амният доранд, аз мушкили иқтисодӣ ранҷ мекашанд.

Аммо роҳҳои расидан ба "кишвари шароиташ беҳтар", аз ҷумла Канада, ҳамвору осон набудааст. Ҳарчанд мақомоти Канада баъд аз ғасби Афғонистон аз сӯи ҳаракати “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 ваъдаи қабули то 40 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро доданд, то охири моҳи апрели имсол, ба иттилои бахши муҳоҷирати он кишвар, ҳудуди 12 ҳазор афғонистониро пазируфтаанд. Дар ҳамин ҳол, аз сарчашмаҳои расмӣ иттилое мавҷуд нест, ки чӣ теъдод аз ин афғонистониҳо аз Тоҷикистон ба Канада рафтаанд.

Суоле, ки афғонистониҳои фирорӣ мепурсанд

Абдумусаввир Баҳодурӣ, раиси "Ориёно", ҷомеаи афғонистониҳои муҳоҷир дар Тоҷикистон, гуфт, ба иттилои вай, дар як соли охир беш аз 1000 гурезаи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Канада рафтаанд. "Гурезаҳо ба назди мо омада, мепурсанд, ки чӣ гуна ба Канада равем? Чӣ барномаҳое ҳаст? Аз мо мадад мехоҳанд. Аз дасти мо коре намеояд. Рафтан ба Канада аз худи гурезаҳо ва ҳукумати он кишвар вобаста аст, на аз созмоне ё ҷамъияте," -- гуфт Баҳодурӣ.

Як шарт ё имкони кӯчидан ба он кишвар, ба нақли Баҳодурӣ, доштани "сарпараст" дар Канада аст, ки бештари гурезаҳо бо ин роҳ ба он кишвар мерасанд. "Сарпараст дар бонк ба номи даъватшавандаҳо як миқдор маблағ мегузорад. Даъватшавандаҳо ба воситаи сомонаи муҳоҷирати Канада дархост медиҳанд. Дар сурати қабул шуданди дархост, имкони кӯчиданро пайдо мекунанд," -- нақл кард ӯ.

"Ба маҳзи сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон ҳукумати Канада ҳам баррасӣ ва қабули дархости афғонистониҳоро барои кӯчидан соддатар кардааст," - афзуд Баҳодурӣ. Фаришта Каримӣ ҳам, ки дар остонаи сафар ба Канада аст, ҳарфҳои Баҳодуриро тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳангоми мусоҳибаи онлайнӣ мақомоти муҳоҷирати Канада аз онҳо суоли зиёд накарданд ва бо дидани чеҳраҳои ӯву бародарону хоҳаронаш дархости кӯчиданашонро қонеъ кардаанд.

На ҳамаи гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон имкони рафтан ба Канадаро доранд. Ораш Ориян, як паноҳандаи афғонистонӣ, ки дар моҳи августи соли 2021 ба Тоҷикистон омада буд, талошҳояш барои рафтан ба Канада натиҷа надоданд ва ӯ тасмим гирифт, таҳти биму умед ба Афғонистон баргардад.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, барои рафтан ба Канада ду роҳ дошт: ё панҷ нафар дар Канада кафолат медоданд, ки таъмини хароҷоти ӯву оилаашро ба уҳда мегиранд ё ин ки паноҳандаи афғонистонӣ дар суратҳисоби бонкӣ дастикам 16 ҳазор доллар медошт, то баъди расидан ба Канада сарбории давлат нашавад. Чизе, ки ҳосил нашуд.

СММ метавонад, ба Канада барад?

Иддае аз гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон моҳи марти имсол аз комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон хостанд, барои кӯчиданашон ба кишвари севум, аз ҷумла Канада, ёрӣ кунанд. Филиппо Грандӣ ба дархости паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон ваъдаи мушаххас надод, фақат гуфт, бо мақомоти Канада дар масъалаи бештар кардани қабули гурезагони афғонистонӣ суҳбат хоҳанд кард.

Ба иттилои расмӣ, дар тирамоҳи соли 2021 дар Тоҷикистон қариб 15 ҳазор гурезаи Афғонистонӣ қарор доштанд. Айни замон, ба иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи гурезаҳо, теъдоди афғонистониҳо дар Тоҷикистон камтар аз 13 ҳазор аст. Қисме аз онҳо ба кишварҳои севум, аз ҷумла Канада кӯчидаанд ва қисми дигар ба Афғонистон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG