Ӯ мегӯяд, бештар аз 30 сол боз дар маркази вилояти Хатлон кӯчаву ҳавлӣ мерӯбад, вале зиндагии серу пурро надидааст. Ин дар ҳолест, ки аксаран тавассути телевизионҳои Тоҷикистон чеҳраҳои хандону хилъатҳои тобон ва қаноатмандии кӯчарубонро нишон медиҳанд. Пушти парда зиндагии комилан дигаре будааст. Намунааш Ҳалима Дурманова аст.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, моҳе 522 сомонӣ мегирад, ки танҳо ба харидани маҳсулоти зарурии хона мерасад. «Ба худ иҷоза намедиҳам, ки кӯчарӯбиро тарк кунам, зеро ҳамин ҷоруб задан ягона манбаи таъмини зиндагиям аст,» -- илова кард ӯ.
«Намешавад, кӣ моро таъмин мекунад?»
“18-сола будам, ки ба писари холаам доданд. Ӯ нозири БДА буд. Зиндагии ширине доштем. Шавҳарам соли 1993 фавтид. 37-сола будам. Дигар шавҳар накардам,” – ба нақлаш идома дод Ҳалима Дурманова.
Суҳбати мо зери сояи чанорҳои азими канори ҳукумати вилояти Хатлон, дар шаҳри Бохтар, баргузор шуд. Ҳалима Дурманова пас аз рӯбучини ҳавлиҳои шаш бинои истиқоматии наздики ҳукумат барои танаффус ба чойхонаи зери чанорҳо омадааст.
“Шавҳарам зинда буд, ки ба кӯчарӯбӣ баромадам. Пешопеши оғози ҷанги шаҳрвандӣ. Гуфт, кор накун. Гуфтам, зиндагӣ вазнин шудааст. Панҷ фарзанд доштам. Як писару як духтарам маъюб буданд. Духтари маъюбам 40-сола шуду фавтид, писари маъюбам дар 25-солагӣ даргузашт. Нигоҳубинашон бисёр душвор буд,” – нақл кард ӯ.
Ҳоло як писар ва ду духтари Ҳалима Дурманова дар ҳаёт ҳастанд, аммо яке аз духтарон аз як чашм маҳрум аст. Духтари дигараш шавҳар дорад ва аз модар ҷудо зиндагӣ мекунад. Писараш ба мардикорбозори Бохтар меравад, ки гоҳе кор меёбад, бештар вақт – на. Ба замми ин, Ҳалима Дурманова 3 фарзанди ноболиғи писарашро парасторӣ мекунад, ки яке аз онҳо маъюб аст.
“Модарашон ба Русия рафтааст, нигоҳубинашон ба дӯши ман. Писарам гуфт, ба ятимхона супорем, ман намондам”, - гуфт Ҳалима Дурманова.
На танҳо нигоҳубин, балки таъмини ноболиғон бо хӯроку либос бар дӯши модаркалони кӯчарӯб аст. Дурманова ҳарчанд 13 сол боз ба синни нафақа расидааст, ҳоло ҳаққи бознишастагӣ намегирад.
“53-сола будам, ки фарзандони маъюбро ба эътибор гирифта, нафақа таъйин карданд. Соли гузашта нафақаро қатъ карданд. Ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ даъват карда гуфтанд, ё бояд маош бигирӣ ё нафақа. Аз нафақа даст кашидам, чун аз маош камтар аст”, - гуфт ӯ
Ин зани тамизкор моҳе 522 сомонӣ маош мегирад ва то соли 2021-ум 200 сомонӣ нафақа низ дошт. Ҳалима Дурманова ҳамчун оилаи камбизоат 120 сомонӣ ёрипулӣ низ мегирад.
“Мефорад, ки дам гирам. Шароит нест. Азоб аст. Магар, ки то рӯзи мурдан ё аз пой афтодан кор кунам,” - гуфт Ҳалима Дурманова.
5-6 соат кӯчарубӣ дар 66-солагӣ
Ин зани кӯчаруб дар шаҳри Бохтар тобистону зимистон субҳи содиқ ба рӯфтани ҳавлии шаш биное мебарояд, ки аз ҳисоби он маош мегирад. “Дар рӯз 5-6 соат кор мекунам, баъд ба хона меравам. Баргу коғазпораҳои ҳавливу атрофи биноҳоро тоза мекунам. Аз ошёнаҳо ҳар гуна ашё мепартоянд. Агар норизоӣ кунем, мегӯянд, коратон аст, маош мегиред,” – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Ин зани тамизкор дар Бохтар дар ҳафта 6 рӯз кор мекунад. Аз душанбе то шанбе. Мегӯяд, танҳо рӯзи якшанбе истироҳат мекунад ва дар рӯзи душанбе кораш дучанд мешавад. Ба замми кори вазнин на ҳамеша ҷорубе меёбад, ки ҳавлиҳоро рӯбад.
“Ҷоруби хуб бошад, барои ду рӯз мерасонад. Бесифат бошад, дар як рӯз тамом мешавад. Як ҷоруб 8-10 сомонӣ аст. Хилъат ҳам надорем,” - гуфт ӯ.
Танҳо воқеаи мусбати бузурге, ки дар зиндагии Ҳалима Дурманова иттифоқ уфтодааст, ин аст, ки соли гузашта мақомоти вилояти Хатлон ба вай дар яке аз баландошёнаҳои навсохти шаҳри Бохтар як манзили дуҳуҷраӣ додаанд. Дурманова мегӯяд, аз зиндагии 30-сола дар як утоқи хобгоҳ ба танг омада буд ва баъди равуои батакрор ва навбатпоиҳои беохир дар моҳи марти соли 2021 ба вай манизили нав додаанд. Манзили нав ҷиҳози нав ҳам дорад.
“Аз ҷиҳати хона вазъамон беҳтар шуд. Аз ҷиҳати ғизову либос танқисӣ мекашем. Куҳнаҳои мардумро мепӯшем ё дар ягон тӯю маърака матоъ диҳанд, ҳамонро курта мекунем,” - нақл кард Ҳалима Дурманова.
“Маошро каме боло баранд, ҳадди ақал 1000 сомонӣ диҳанд, ки ба харидани ҷоруб ҳам расад,” – суҳбатро ба поён бурд ӯ.
Гуфтугӯ