Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигоронро ба маросими дафни Исматуллоев роҳ надоданд. ВИДЕО


Бонкдори шинохтаи тоҷикро ба хок супурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон ба хабарнигорон иҷоза надоданд, то маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоевро сабт кунанд. Онҳо наворҳои бардоштаи хабарнигоронро аз марсими видоъ пок карда, ба рӯзноманигорон ҳушдор додаанд, ки дигар наворбардорӣ накунанд.

Баъди бештар аз ду ҳафтаи пайдо шудани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси "Ориёнбонк", 30-юми август, вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиёи Душанбе ҷанозаи ӯ баргузор гардид. Ӯро баъди намози пешин ба хок супурданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки мавзӯъро аз аввал пайгирӣ доштанд, нахуст ба манзили марҳум, воқеъ дар кӯчаи Шукуфони пойтахт рафтанд. Вале наздиконаш нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Барои наворгирӣ низ иҷоза надоданд.

Баъдан рӯзноманигор ва наворбардори Озодӣ барои инъикоси маросими ҷаноза ва дарёфти иттилоъ аз дӯсту шиносҳои ӯ ба масҷиди Сариосиёи Душанбе рафтанд. Вале онҷо низ тадобири шадидӣ амниятӣ ҷорӣ гардида буд.

Чаҳор нафар, ки дар тан либоси мулкӣ дошта худро кормандони мақомоти қудратӣ муаррифӣ карданд, наворҳои хабарнигорони Озодиро пок карда, барои иҷрои вазифаҳои касбияшон монеа эҷод намуданд.

Ин афрод ба хабарнигорони "Азия плюс" ва ҳафтаномаи "СССР" низ монеа эҷод намуда, нагузоштанд онҳо аз маросими видоъ навор гиранд. Телефони мобилии хабарнигори “Азия плюс”-ро тавре худи ӯ нақл кард, бо худ бурданд.

Вақте хабарнигори Озодӣ аз онҳо пурсид, ки наворбардорӣ аз маросими ҷаноза чӣ мушкил дорад, бо лаҳни дурушт посух доданд, ки “шумо ҳақ надоред моро савол диҳед”.

Чунин рафтори кормандони мақомот дар ҳолест, ки қазияи рабудан ва куштори Шӯҳрат Исматуллоев дар ҷомеа сару садои зиёде ба миён оварда, таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ҷалб карда буд. Расонаҳои дохилу хориҷ ҳам аз аввал ин қазияро пайгирӣ мекарданд.

Монеъ шудан ба кори рӯзноманигорон бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҷиноят аст ва Кодекси ҷиноӣ барои он то 50 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ кардааст. Аммо бо вуҷуди онки солҳои ахир чандин маротиба ба кори хабарнигорон аз ҷумла рӯзноманигорони Радиои Озодӣ монеа эҷод шудааст, мақомот бо ин иттиҳом парванда боз накардаанд.

Ба мушоҳидаи хабарнигорони Озодӣ, дар маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоев баъзе мансабдорони сатҳи болоӣ, аз ҷумла вазирони рушди иқтисод ва савдо, энержӣ, нақлиёт, чанде аз раисони кумитаву оҷонсиҳои давлатӣ ва бархе аз вакилони порлумон ширкат кардаанд.

Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта пас аз тақрибан ду моҳи ҷустуҷӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯро моҳи июни имсол як гурӯҳ дар Душанбе рабуда, баъди куштан ба дарёи Зарафшон партофтанд. Ҳодисаи вобаста ба мансабдори бонки наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон сарусадои зиёде ба бор овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG