Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Дилшод Саидмуродов боздошт шудааст 


Соҷида Саидмуродова ва писараш Дилшод Саидмуродов
Соҷида Саидмуродова ва писараш Дилшод Саидмуродов

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, яке аз гумонбарони қатли бонкдор Шӯҳрат Исматуллоевро боздошт кардааст. Манобеи наздик ба тафтишот гуфтанд, Соҷида бо иттиҳоми "қаллобӣ" дастгир шудааст. Назари ин зан ва наздиконаш ҳам ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.

Дилшод Саидмуродов
Дилшод Саидмуродов

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Соҷида Саидмуродова нафақахӯр буд ва ҷойе кор намекард. Писари ӯ Дилшод Саидмуродов баъди рабуда ва кушта шудани Шӯҳрат Исматуллоев ба Русия фирор кардааст. Боздошт ва истирдоди Саидмуродов яке аз ҳадафҳои сафари ахири Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Русия буд.

Вазири корҳои дохилии Русия гуфт, маъмурони ин кишвар ду фарди гумонбаршуда дар қатли бонкдори тоҷик Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардаанд. Номи ин гумонбарон эълон карда намешавад, вале ба эҳтимоли зиёд яке аз дастгиршудаҳо Дилшод Саидмуродов аст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия ба ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода гуфтааст,Дилшод Саидмуродов шаҳрванди Русия аст ва “мақомоти Тоҷикистон бояд собит кунанд, ки Шӯҳратро ҳамин куштааст.”

Дар қазияи куштани бонкдори тоҷик, бори аввал нест, ки мақомот наздикони гумонбаронро боздошт мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, моҳи август мақомот модари Акбар Аҳмадовро низ боздошт карданд ва баъди ин ӯ аз Русия омада, худро ба мақомот супурд. Аммо Аҳмадов (дар санадҳо Аҳмедов) чанд рӯз баъд аз боздошт шуданаш ба таври шубҳаангез фавтид ва ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайванд ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев нисбат ба 16 кас парванда боз ва то ҳоло 13 нафар дастгир шудаанд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, Шӯҳрат Исматуллоеви 49-сола рӯзи 23-юми июни имсол рабуда шуда, дар натиҷаи шиканҷа ҷон додааст. Ҷасади ӯро нимаи аввали моҳи август дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо карда, 30-юми август дар Душанбе ба хок супориданд. Ба ин маросим хабарнигорон роҳ дода нашуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG