Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди рӯйдодҳои хунини феврали 1990. Подкаст


Моҳи феврали соли 1990
Моҳи феврали соли 1990

Кушта шудани 24 (баъзе шуморишҳо 25) нафар дар саркӯби тазоҳурот ва бетартибиҳо дар 12-17-уми феврали соли 1990 дар Душанбе бо вуҷуди таҳқиқоти зиёд паси парда мондааст.

Ҳеч кас барои кушта шудани ин шаҳрвандон ҷазо нагирифт ва ба он воқеаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода нашуд.

Дар як барномаи соли 1999 дар Радиои Озодӣ ин рӯйдодҳоро

  • Муҳаммадайёз Навҷувонов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон;
  • Бӯрӣ Каримов, раиси “Кумитаи 17” ва сардори пешини Кумитаи давлатии плангирии Тоҷикистон;
  • Нур Табаров, вазири собиқи фарҳанг;
  • Сафаралӣ Кенҷаев, раҳбари гурӯҳи тафтишотии воқеаҳо, узви порлумон (дар як сӯиқасд кушта шуд);
  • Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини пешини раиси радио ва телевизион (ҳоло бо ҳукми ҳабси абад зиндонӣ аст)
  • ва Абдулло Назаров, афсари собиқи Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон (дар Бадахшон дар ҳолати мармузе ба ҳалокат расид)

шарҳ медиҳанд.

Барномаро дар инҷо бишнавед:

Ёдбуди рӯйдодҳои хунини феврали 1990
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:02 0:00
Линки мустақим

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG