Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдор: Мо дар масъалаи пешгирӣ аз сатр ноком шудем. ВИДЕО


Занони тоҷик бо ҳиҷоб. Акс аз соли 2012
Занони тоҷик бо ҳиҷоб. Акс аз соли 2012

Мақомоти Тоҷикистон солҳост, аз сатрпӯшии бонувон интиқод карда, онро фарҳанги бегона медонанд. Ҳарчанд як масъули давлатӣ гуфт, талошҳои онҳо барои пешгирӣ аз сатрпӯшӣ миёни занон ноком шудааст.

Либоспӯшии занон дар маркази таваҷҷӯҳ

Аксари занон дар Тоҷикистон мегӯянд, шеваи либоспушии онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ аст. Занҳое, ки дар ҷои кор сатр мепушанд, ба мушкил дучор мешаванд ва онҳое ҳам, ки дар хиёбон бо либосҳои аврупоӣ гаштугузор мекунанд, аз ҷониби бархе сокинон барои "тақлид ба бегонагон" таҳқир мешунаванд.

Ҳанифа Раҳмонова, сокини шаҳри Душанбе даҳ сол аст, ки сатр мепӯшад. Пештар дар мактаб ва ҳукумати маҳаллӣ кор мекард ва ба гуфтаи худаш, як рӯймоли хурд дошт. Ҳоло пӯшидани сатр барояш монеа эҷод кардааст. Ӯ гуфт, дар як озмун барои кор иштирок кард, вале барояш гуфтанд, ки "аз сатр даст кашед, баъд омада, кор кунед."

Мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ба занони сатру ҳиҷобдор фишор меоранд, вале Ҳанифа мегӯяд, як мусулмони одӣ аст ва ҳеч андешаи хилофи қонун дар сараш надорад.

Нозирони либосҳои аврупоӣ кистанд?

Ирода, сокини дигари Душанбе либоси аврупоиро меписандад. Ӯ мегӯяд, мақомоти тоҷик ва дар коргоҳ бо ин лисбос ҳеч мушкил надорад. Мушкили Ирода ба фарқ аз занони сатрпӯш бештар дар хиёбонҳо ҳаст. Зоҳиран ӯро бештар ҷавонони мазҳабӣ озор медиҳанд.

"Гап мепартоянд, духтар инхел намегардад, мегӯянд. Духтар зеби руймол дорад. Барои ман гапи онҳо муҳим нест, барои ман фикри худам муҳим аст. Қариб ҳар рӯз мегӯянд, аҳмият надорад. Аввал таъсир мекард, ҳозир не. Одам чӣ хеле ба худаш форад, ҳамонхел мепӯшад,”—гуфт Ирода.

Видеоро инҷо бинед:

Дар Душанбе дигарбора масъалаи сатрро бардоштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Масъалаи либоси занон дар нишасти Кумитаи дин рӯзи 9-уми феврал ҳам садо дод. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, қонун пӯшидани сатру ҳиҷобро манъ накардааст.

“Масъалаи пушидан ё напушидани русарӣ. Дар ягон санади меъёрии ҳуқуқии мо дарҷ нагардидааст. Ин чӣ ташкилот ё муассисае, ки тартиботи дохилии худашонро ҷорӣ намоянд, онҳо тасмим гирифта метавонанд. Аммо дар ягон санади меъёрӣ ҳуқуқии мо масъалаи пӯшидан ё напӯшидани рӯсарӣ дарҷ нагардидааст. Ин бармегардад ба интихоби худи шахс,”—гуфт Сулаймон Давлатзода.

"Исломситезӣ" ё "мубориза бо фарҳанги бегона"

Ҳарчанд пӯшидани сатр расман манъ нашудааст, вале то соли 2020 мақомоти тоҷик зидди чунин либоси занон рейдҳои зиёд анҷом медоданд. Мақомот ин кори худро пешгирӣ аз пӯшидани "либоси бегона" гуфтанд, вале қишри муҳофизакори ҷомеа онро “исломситезӣ” маънидод карданд. Дар пайи интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ чунин рейду санҷишҳо камтар шудааст. Як масъули Кумитаи кор бо занон дар суҳбати бидуни сабт гуфт, талошҳои онҳо барои дасткашии занон аз сатрпӯшӣ ноком шуд.

Ҳеч таҳқиқоти мустақилона дар бораи шеваи либоспӯшии занон дар Тоҷикистон анҷом нашудааст. Ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе аз 10 зан то чор ё панҷ нафарашро метавон бо сатр ё рӯймол дид.

Як зани мусоҳиби Радиои Озодӣ дар хиёбони Душанбе гуфт, “сатр ҳеч ҷои бадӣ надорад ва ӯ бо наберагонаш сатр мепӯшанд.”

Назира Куганова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, бардошт аз занҳои сатрпӯш ва бесатр дар ҷомеа ғалат аст. “Мо аз ислом дур нестем, агар ман ҳам коргари давлат намебудам, мумкин ман ҳам мепушидам. Ҳаст баъзе монеаҳо. Як вақтҳое буд, ки фарзандамро ба боғча мебурдам, медидам, ки занҳоро ҳангоми сатр доштан намемонданд, вориди боғча шаванд. Ҳамаи ин мушкилиҳоро дида ман ҳоло ба ин омода нестам, чун кор мекунам ва намехоҳам ки ба ҳархел мушкилиҳо рубарӯ гардам,”—гуфт Назира.

Мақомоти тоҷик сар аз соли 2013 бо баҳонаи "мубориза бо фарҳанги бегона" занони сатрпӯшро даъват мекарданд, ки "либосҳои хоси миллати тоҷик" ба бар кунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин кори мақомотро маҳдудият ба озодии динӣ ва дахолат ба ҳаёти шахсии сокинон унвон карданд.

Сокинон мегӯянд, дар ду соли ахир шиддати фишор ба занони сатрпӯш коҳиш ёфтааст ва мисли солҳои пеш фишори сахт эҳсос намекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG