Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туро меёбем ва мекушем"


Акси Умаралӣ Қувватов ва Эҳсон Одинаев
Акси Умаралӣ Қувватов ва Эҳсон Одинаев

Як созмони муътабар ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид кардааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 22-юми феврал ба ин далел дар гузорише Тоҷикистонро дар канори Руанда, Камбоҷа, Арабистони Саудӣ, Чин ва Туркманистон ҷой дод. Муаллифон вазъро дар 20 кишвар санҷида, зиёда аз 100 мавриди саркӯби фаромарзиро ҷамъ овардаанд. Даҳҳо маврид ба Тоҷикистон рост меояд.

“Мо дар бораи саркӯбҳое мегӯем, ки ҳукуматҳо бо мақсади бастани даҳони мухолифон ё пешгирӣ аз дигарандешӣ ба роҳ мондаанд,” – гуфт Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Сийнат Султоналиева
Сийнат Султоналиева

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми феврал афзуд: “Куштор, ихроҷи ғайриқонунӣ, одамрабоӣ ва ғайб задани маҷбурӣ, ҷазои гурӯҳии хешовандон, суистифода аз хадамоти консулӣ, ба истилоҳ репрессияи рақамии фаромиллӣ ва суистифода аз хадамоти Интерпол ба ин мафҳум дохил мешаванд. Саркӯбҳои фаромиллӣ метавонад ба шакле бошад, ки хешовандони шахс ҳадафи ҷазои гурӯҳӣ қарор мегиранд. Ингуна мисолро мо дар намунаи оилаи як фаъоли тоҷик дидем, ки ҳатто духтари даҳсолаашро боздошту бозпурсӣ ва таҳдид карданд.”

Ин гузориш як ҳафта пас аз таҳқиқи созмони байнулмилалии “Хонаи Озодӣ” (Freedom House) нашр шуд. Гузоришгарони он тахмин зада буданд, ки аз соли 2014 то 2023, дар умум, 1034 мавриди саркӯбҳои фаромарзӣ аз тарафи 44 кишвар анҷом шудааст. “Хонаи Озодӣ” Чин, Туркия, Тоҷикистон, Русия ва Мисрро омилони фаъоли саркӯбҳои фаромарзӣ донист.

Муаллифони гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯянд, дар даҳ соли гузашта даҳҳо мухолифи сиёсӣ, дигарандеш, рӯзноманигору мудофеи ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон ҳадафи саркӯбҳои фаромарзӣ қарор гирифтанд. “Бисёре аз қурбониён аъзои гурӯҳҳои мухолифи сиёсии мамнуъ дар Тоҷикистон, ба монанди “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд,” – ишора кардаанд онҳо.

Маросими дафни Умаралӣ Қувватов дар Истанбул, моҳи марти 2015
Маросими дафни Умаралӣ Қувватов дар Истанбул, моҳи марти 2015

Мавриди ваҳшатзо, ба гуфтаи пажӯҳишгарон, сарнавишти Умаралӣ Қувватов, бунёдгузору раҳбари пешини “Гурӯҳи 24”, аст. Ӯ, ки Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба кашида гирифтани тиҷораташ муттаҳам мекард, дар моҳи марти соли 2015 дар Истанбул кушта шуд.

Душанбе, баръакс, худи Қувватовро ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фаъолиятҳои ифротгароёна муттаҳам кардааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) менависад, “кӯшишҳои пайвастаи мақомоти Тоҷикистон барои боздошти Умаралӣ Қувватов ва баргардондани ӯ ба Душанбе, иддаоҳоро дар бораи даст доштани онҳо дар қатли ӯ собит мекунад.”

Муаллифон мегӯянд, бисёре аз ҳадаф ё қурбониёни саркӯбҳои фаромарзӣ, ки бо онҳо мусоҳиба карданд, дар Туркия зиндагӣ мекардаанд. “Дар моҳи феврали соли 2018 Нуъмонҷон Шарипов, узви пешини Ҳизби наҳзати исломӣ, тавассути маъмурони консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул боздошт ва ба зӯр ба Тоҷикистон бозгардонда шуд,” – гуфта шудааст дар гузориш.

Низомиддин Насриддинов, фаъоли сиёсӣ ва узви пешини “Гурӯҳи 24”, дар моҳи июли соли 2023 аз Беларус ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ дар Олмон паноҳҷӯ буд.

Муҳаққиқони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) сарнавишти фаъоли сиёсӣ Эҳсон Одинаев (Сарафрози Оламафрӯз)-ро, ки дар моҳи майи соли 2015 дар Санкт-Петербург нопадид шуд, пурасрор номидаанд. Бародараш, Вайсиддин Одинаев, гуфтааст, намояндагони мақомот таҳдид карда будаанд, ки “туро ёфта мекушем". Мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ далели даст доштани худро дар қазияи Эҳсон Одинаев эътироф накардаанд.

Дар гузориш аз саргузашти Шарофидин Гадоев, узви пешини “Гурӯҳи 24” ва ҳоло узви Паймони миллиро, ки соли 2019 дар Маскав ғайриқонунӣ боздошт ва сипас иҷборӣ ба Душанбе фиристода шуда буд, зикр кардаанд. Гуфта шудааст, ки ӯ зери фишори Ҳолланд ва Олмон дар моҳи марти соли 2019 ба Ҳолланд баргардонда шуд. Ҷое, ки мақоми паноҳандагӣ дорад.

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки гоҳе аз сиёсатҳои ҳукумат дар Тоҷикистон танқид мекард, моҳи марти соли 2021 дар Маскав боздошту ихроҷ ва дар Душанбе дастгир шуд. Дастикам ду рӯз дар куҷо буданаш маълум набуд. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ аст. Ба гуноҳи қаллобӣ, ки худашу наздиконаш напазируфтанд, ба муддати дароз зиндонӣ карданд.

Амриддин Аловатшоев, фаъоли бадахшонӣ, ки тибқи гузоришҳо дар ташкили эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав (моҳи ноябри соли 2021) ёрӣ кардааст, ногаҳон ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд. Вай ҳам ба муддати дароз аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар моҳҳои июн ва июли соли 2022 дастикам ҳафт фаъоли помириро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд. Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо аз ҷумлаи онҳоянд.

Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев

Дар миёни афроде, ки аз Русия истирдод шудаанд, номи фаъоли шаҳрвандӣ аз ВМКБ Чоршанбе Чоршанбиев низ ҳаст. Ин варзишгари маъруф аз амалкарди ҳукумати Тоҷикистон дар ВМКБ танқид карда, 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ронда шуд ва дарҳол боздошт гардид. Дар моҳи майи соли 2022 ба зиндон маҳкум кардад. Чоршанбиев ва вакилони мудофеаш ҳукмро "беасос ва ғайриқонунӣ" хонданд.

Муаллифони гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз фаъолони дигари мухолифон – Шабнам Худойдодова, Вайсиддин Одинаев ва Илҳомҷон Ёқубов – низ ёд оварда, гуфтаанд, ки пайвандонашон пайваста зери фишору таъқиб ҳастанд.

Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2023 беш аз 200 гумонбар ба ҷиноят аз хориҷа истирдод шудаанд. Юсуф Раҳмон инро натиҷаи ҳамкориҳои байнулмилалӣ номид, аммо ҳеч давлат ном нагирифт.

Шабнам Худойдодова
Шабнам Худойдодова

Дар соли 2022 тақрибан сад нафар аз хориҷа ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд. Мақомот гуфтанд, 18 нафари онҳо ба гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ гунаҳкор шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон ин иттиҳомро солҳои охир бештар алайҳи мухолифони сиёсии ҳукумат, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон истифода мебаранд.

“Ҳадафи гузориши мо ин аст, ки ҳукуматҳо аз таъқибҳои фаромиллӣ даст бардоранд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал даъват мекунем, ки мафҳуми таъқиби фаромиллӣ ҳамчун як навъи поймолкунии ҳуқуқи инсон эътироф шуда, барои муқобила бо он чораҳои корсоз андешида шавад,” -- гуфт Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG