Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ё подшоҳу пешво? Чаро онҳо худро "демократ" меноманд?


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Дар як барномаи Радиои Озодӣ дар соли 2006 пешгӯӣ шуда буд, ки пешво ё доҳии мардуми қазоқ эълон шудани Нурсултон Назарбоев чанд сол давом мекунад ва сипас ба хоки сиёҳ яксон мешавад.

Ин “чанд сол” таги 20 сол давом кард. Аз ҳама аҷибаш худи Назарбоев ҳам дар зиндагияш дид, ки унвонҳои баланду ҳайкалҳояш фурӯ пошиданд.

Дар соли 2006, вақте ба худаш ин унвони баландро медод, ҳеч гумон надошт, ки оқибаташ ин мешавад. Вагарна каме хоксорӣ мекард. Накард ва дари чунин қарорҳои чоплусонаро барои президентҳои дигар боз намуд.

Як чизро фаҳмидан душвор аст, ки баъзе аз раҳбарон ба чоплусии чанд манфиатҷӯйи давру бари худ бовар мекунанд ва худро агар худо ҳисоб накунанд, пайғамбари охирзамон медонанд. Аслашро гирем, онҳо ҳама чиро ба хубӣ мефаҳманд. Назарбоев ҳам мефаҳмид. Дигарон ҳам мефаҳманд.

Аммо ҳадаф аз қонунҳое, ки онҳоро шахсони фавқулода ва хидматҳояшро таърихӣ эълон мекунанд, хеле соддатару заминитар аст. Онҳо метарсанд, ки аз сари қудрат раванд, ба камияш дар зиндагӣ хору зор шуданашон ҳатмист, агар бадтар аз ин барои ҷиноятҳояшон зиндонӣ нагарданд. Биноан, барои худ аз қонунҳои булаҷаб сипар бунёд мекунанд. Ё агар тахтаи шоҳмотро пеши назар оварем, худро қалъабандӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин, онҳо худро раҳбарони демократ ҷилва медиҳанд ва дар қонуни асосияшон кишвари худро демократӣ ва ҳуқуқбунёд меноманд.

Дар он барномаи соли 2006 талош ин буд, ки чӣ касе будани як раҳбари демократ мавриди суҳбат қарор гирад. Ҳамсуҳбатони хубе аз дохил ва беруни кишвар дар ин барнома ширкат карданд.

Подкастро дар инҷо бишнавед:

Чаро онҳо худро "демократ" меноманд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:09 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG