Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои паҳлавони навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо


Лоиқ Қутбиддинов, варзишгари навраси тоҷик.
Лоиқ Қутбиддинов, варзишгари навраси тоҷик.

Лоиқ Қутбуддинов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи бози Ҷоми Аврупо дар риштаи ҷудо миёни наврасон (“Antalya Cadet Evropean Cup 2024”), ки рӯзҳои 2-3-юми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, барандаи медали тилло гардид.

Ин паҳлавони навраси тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм миёни писарон, ки дар даври аввал озод буд, пас аз се пирӯзӣ ба рақибонаш Ниҳод Раҳимов аз Озарбойҷон, Сандро Шарипашвили аз Гурҷистон ва Ларс Кинт аз Белгия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Лоиқ дар нимфинал паҳлавони навраси гурҷӣ Лука Даташвилиро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ барои медали тилло ба намояндаи Қирғизистон Адис Оразмаматов ғалаба кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Antalya Cadet Evropean Cup 2024” 367 варзишгар (221 писар ва 146 духтар) аз 19 кишвари ду қораи ҷаҳон – Аврупо ва Осиё - иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 варзишгар (5 писар ва 1 духтар) дохил буд: Иброҳим Абдураҳмонов (-60 кг), Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Муҳаммад Анварзода (-66 кг), Абубакр Абдуҷалилзода (-73 кг), Анушервон Бафоев (+90 кг); Мадина Қурбонзода (-52 кг).

Аз байни онҳо танҳо Лоиқ Қудбуддинов медал гирифт. Варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Озарбойҷон бо касби 16 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 19 медал (3 тилло, 4 нуқра, 12 биринҷӣ) дуюм ва мунтахаби Туркия бо касби 15 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) сеюм шуданд.

Натиҷаҳои дастаҳои се кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар ин мусобиқа иштирок карданд, чунин аст: Қирғизистон 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷойи 4-ум), Узбекистон 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ, ҷойи 7-ум), Тоҷикистон 1 нишони тилло ҷойи 9-ум.

Зимнан, соли 2023 Лоиқ Қутбуддинов дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасон медали тилло, дар Ҷоми Осиё миёни наврасон дар Тошканду Алмато соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Инчунин Лоиқ Қутбуддинов дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни наврасон бо медали нуқра сарфароз гаштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG