Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: “Шиканҷаи гумонбарон – як навъ фахри даҳшатбори  ҳукумати Путин аз беэътиноӣ ба ҳуқуқҳои асосӣ аст”


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch шиканҷаи гумонбарони боздоштшуда бо иттиҳоми ҳамла дар Маскавро маҳкум кард.

Таня Локшина, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмони байналмилии ҳомии ҳуқуқи инсон дар иҳороте, ки 29 март нашр шуд, гуфт, “Ҳеҷ чиз, ҳатто қатли мудҳиш шиканҷаро сафед ё қонунӣ намекунад”.

Ин созмон аксу навору сабтҳои саҳнаҳои шиканҷаи дастикам ду гумонбари ҳамлаи 22 март ба толори консертии “Крокус сити ҳолл”-ро таҳқиқ карда мегӯяд, эҳтимол меравад, ки ин сабту нашрҳо кори дасти мақомоти интизомӣ мебошад. Навори гӯшбурӣ ва гузоштани барқ ба узви таносули як гумонбари ҳамла шурӯъ аз 23 март дар саҳифаҳои Телеграм-канали вобаста ба идораҳои ҳифзи қонуни Русия ба чархиш даромад. Дар мурофиаи додгоҳии 24 март, ба навиштаи ин созмон, чор нафар бо нишонаҳои хеле рӯшани шиканҷаву латукӯб ҳозир шуданд.

“Пахши босуръат ва густурдаи ин видеоҳо тасодуфӣ нест, балки як навъ фахри даҳшатбори ҳукумати Путин аз беэътиноӣ ба ҳуқуқҳои асосӣ, инсонияти бунёдӣ ва волоияти қонун аст", навиштааст Локшина. Ӯ мегӯяд, аз рӯи хабарҳои расмие, ки мақомоти рус нашр карданд, дар ҳабси гумонбарон кормандони Кумитаи тафтишот ва хадамоти вижа ширкат карданд ва ба қавли волии Брянск Александр Богомяз, нирӯҳои Горди миллии Русия, полис, полиси роҳ ва нирӯҳои вижаи полис дар интиқоли гумонбарон ба ихтиёри Хадамоти федеролии амният ё ФСБ нақш доштанд.

Таня Локшина
Таня Локшина

“Дар як видео мардони низомипӯш Саидакрами Рачабализодаро, ки дар замин хобидааст, латукӯб карда, аз ӯ маълумот гирифтанӣ мешаванд. Дар навор дида мешавад, ки афсарон таҳдид мекунанд, ки ба пои ӯ тир мезананд, бо саг таҳдид мекунанд ва гӯшашро бурида ба даҳонаш мегузоранду амр медиҳанд, ки бихӯрад ва ҳамзамон таҳдид мекунанд, ки узви таносулашро мебуранд. Дар навори дигар дида мешавад, ки маъмурони амниятӣ Раҷабализодаи хунолудро мебаранд ва дар саҳнаи дигар дар бозпурсӣ ба ӯ ёдовар мешаванд, ки “танҳо як гӯшаш мондааст».

HRW мегӯяд, дар ҷараёни бозпурсии Раҷабализода як ходими ФСБ дида мешавад ва дар додгоҳ ӯ бо гӯши докапеч ҳузур дорад. HRW мегӯяд, маҳал ва санаи сабти ин наворҳоро ташхис карда натавонист.

Шахси дуюми бо ваҳшоният шиканҷашуда Фаридуни Шамсиддин аст, мегӯяд HRW. Акси ба замин хобидаи ӯ бешим ва бо дастони дар пушташ басташуда дигар акси мавриди таҳқиқи ин созмон буд. Дар акс дида мешавад, ки узви мардонаи Шамсиддин бо ноқилҳо ба барқ пайваст шудааст. HRW мегӯяд, ноқил ба телефони саҳроии низомӣ пайваст шудааст ва мақомоти интизомӣ дар Русия, ба навиштаи ин созмон, маъмулан бо чунин роҳ шиканҷаро раво мебинанд. Аз ҷумла, дар нисбати боздоштшудаҳои украинӣ, менависад созмон. Дар додгоҳ Фаридуни Шамсиддин бо чеҳраи варамидаву чашми сиёҳ ҳозир шуд.

Далерҷон Мирзоев, дигар гумонбари боздоштшуда дар гарданаш порае аз халтаи пластикӣ ва чеҳрааш осори ҷароҳат дошт. “Вақте додрас ҳукми ҳабси пешакии ӯро қироат мекард, Мирзоев дар пояш истода наметавонист ва ба девор такя мекард. Ҳарчанд маълум нест, ки чаро дар гардани ӯ пораи халтаи пластикӣ буд, вале нирӯҳои интизомии Русия бо истифодаи ингуна халтаҳо барои шиканҷа бо роҳи хафа кардани боздоштшудаҳо маъруф ҳастанд”, омадааст дар изҳорот.

Муҳаммадсобир Файзов ҳам бо пои худ ҳаракат карда наметавонист ва дар мурофиа дар аробаи маъюбӣ ва дар ҳолати беҳушӣ оварда шуд. Дар аксҳо дида мешуд, ки ба узви таносули ӯ найчаи ҷамъкунандаи пешоб пайваст шуда буд. “Ходимони ҳифзи қонун як чашмашро хароб карда буданд”, менависад созмон.

Ҳамаи ин чор нафар – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва акнун мақомот волидони онҳо, аз ҷумла пиронсолонро боздошт мекунанд, мегӯяд Human Rights Watch.

Ин созмон мегӯяд, баъди ин ҳодисаҳо муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия бо хушунат ва бегонаситезӣ рӯбарӯ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мавҷи шикоятҳо аз бадрафторӣ нисбати шаҳрвандони Осиёи Марказиро шоҳид мешаванд.

Ин созмон мегӯяд, бо вуҷуди ин ки нишонаҳои ошкорои даст ба шиканҷаи гумонбарон задани хадамоти амниятӣ вуҷуд дорад, мақомот ҳеҷ изҳороте надоданд, ки омилонро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Баръакс, онҳо ҷоиза ҳам гирифтанд. Муҳаққиқони Human Rights Watch мегӯянд, даъвати ошкор ба хушунат алайҳи гумонбарон дар баландтарин сатҳи мақомот садо медиҳад. Масалан Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ, Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия бо изҳороти худ хушунату бадрафториро дастгирӣ кардаанд.

Сухангӯи Путин Дмитрий Песков аз шарҳи иттиҳоми шиканҷаи гумонбарон худдорӣ кард.

Human Rights Watch мегӯяд, шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо як одати деринаи кормандони ҳифзи қонун дар Русия мебошад. Шиканҷа аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ манъ аст ва бо ин кораш Русия ӯҳдадориҳои байналмилалии худро нақз мекунад.

“Шиканҷа на фақат ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ аст, он қонун ва адолат нисбати қурбониҳоро ҳам зери суол мебарад”, гуфт Локшина. “Мақомот дар Русия дар баландтарин сатҳ бояд сиёсати шиканҷаро манъ кунанд ва ҳама ҳодисаҳо бояд бо ҷиддият таҳқиқ ва омилон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, гуфтааст Human Rights Watch.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG