Пештар хабаргузории “Ройтерс” ва расонаи маҳаллии “Азия-Плюс” аз боздошти 9 кас хабар дода буданд. Мақомот расман масъаларо шарҳ намедиҳанд.
Як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак ҳастанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ашхосро дар остонаи ҷашни Наврӯз дастгир карданд.
“Қасди гурӯҳ ин будааст, ки ба ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамла кунанд ва то ҳадди имкони шахсони бештарро ба қатл расонанд. Ҷашни асосӣ рӯзи 24-уми март бояд баргузор мешуд, аммо барои ин ҳодиса як рӯз ба қафо партофта шуд. Баъд аз гирифтани хабар дар бораи қасди ҳамла, нерӯҳои вижаи КДАМ ва ВКД ду-се рӯз “Майдони Истиқлол”-ро зери назорат гирифтанд. Баъд аз он ки гумонбарон боздошт ва хавф бартараф шуд, ҷашнро гузаронданд,”-афзуд манбаъ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, қазияро муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо Додситонии кул тафтиш мекунанд. Аз ҷумла, муфаттишон таҳқиқ доранд, ки боздоштшудагон бо афроде, ки гумонбарони асосии ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" ҳастанд, то куҷо робита доштанд
Дар бораи боздоштшудаҳо то ин дам иттилои зиёде дар даст нест. Охири моҳи март як манбаи дигар ба Радио Озодӣ гуфта буд, дар байни боздоштшудагон ноболиғон ҳам ҳастанд.
Мақомот ҳар ним сол дар бораи боздошти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои террористӣ хабар медиҳад. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ моҳи феврали имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2023 ниҳоди зертобеаш 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ошкор ва 55 нафарро боздошт кардааст. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот ҷой дорад, чун ҳамаи маълумот дар ин бора ошкор карда намешавад.
Гуфтугӯ