Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати "Ҳамос" ба Қоҳира рафт


3 май, яке аз кӯчаҳои дар ҷанг харобшудаи Ғазза
3 май, яке аз кӯчаҳои дар ҷанг харобшудаи Ғазза

Рӯзи 4 май як ҳайати “Ҳамос” барои ширкат дар музокироти оташбас ба Қоҳира рафт.

Дар ҳамин ҳол СММ ҳушдор дод, ки таҳдиди Исроил барои ҳамла ба шаҳри Рафаҳ боиси хунрезии даҳшатноке мешавад. Миёнҷиҳои хориҷӣ ба посухи “Ҳамос” мунтазиранд, то ки бар ивази табодули зиндониҳо бо гаравгонҳо давоми 40 рӯз оташбас ҷорӣ шавад.

Тӯли моҳҳои зиёд Исроил ва “Ҳамос” ба оташбас даст ёфта наметавонанд, чун “Ҳамос” пойфишорӣ дорад, ки хатми оташ бояд давомдор бошад, аз сӯи дигар нахуствазир Бенямин Нетаняҳу таҳдид кардааст, ки то охирин ҷангии “Ҳамос” дар Рафаҳ мубориза хоҳад бурд.

Ҷанги Исроил дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 ва пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи “Ҳамос” ба ҳудуди ин кишвар оғоз ёфт. Дар он ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва зиёда аз 240 кас гаравгон гирифта шуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза моҳи апрел гуфт, дар пайи ҳамлаи ҷавобии Исроил зиёда аз 33 ҳазор фаластинӣ, ба шумули занону кӯдакон, кушта шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG