Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ситод барои кумак ба зарардидагони тарма


Ҳукумат хабарҳои қатъи амалиёти наҷот дар Майхураи Анзобро рад карда, мегӯянд, барои назорат ба амалиёт ситоди давлатӣ таъсис ёфтааст.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки дар робита ба ин офати табиӣ таҳти раҳбарии нахуствазир Оқил Оқилов ситод таъсис дода шуда, муваззаф гардидааст, ки корҳои фаврии наҷотдиҳӣ ва кӯмакрасониро ташкил бикунанд. Раисҷумҳур амр кардааст, то барои ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ тамоми имконоти мавҷудаи фаннию башарӣ истифода карда шаванд.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ хабар медиҳад, ки шумори фавтидагон бар асари тармахезӣ дар мавзеъи Майхура ба 3 нафар мерасад ва мегӯяд, хабарҳои қаблии дигар расонаҳои иттилоотӣ дар бораи шумораи бештари фавтидагон асоси воқеӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, шумори қурбониёни тарма дар Майхура ба 15 нафар расидааст. Вай афзуд, бо вуҷуди шадидтар шудани вазъи ҳаво ва бориши барфи зиёд имрӯз корҳои наҷотбахшӣ идома доранд. Хабари баъзе расонаҳоро дар мавриди ин ки бинобар бад шудани вазъи ҳаво умури наҷотбахшӣ қатъ шудаанд, ВКД рад мекунад. Ба қавли сухангӯи ин вазорат, феълан нерӯҳои ВКД, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, вазорати нақлиёт, шӯъбаҳои умури дохилии навоҳии Варзоб ва Айнӣ дар мавзеъи офатзада кор мебаранд. Аммо Х. Асозода гуфт, ҳанӯз шумори худравҳои зери барф ва дар инҳисори он боқимонда мушаххас нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки хабари эҳтимоли тармафароӣ дар манотиқи кӯҳии кишварро чанд рӯзи пеш пешгӯӣ карда буданд ва ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд низ хатарзо арзёбӣ шуда буд.

Ёдрас мекунем, шоми 21-ум ба 22-юми декабр дар мавзеъи Майхура, 67-километрии шимоли Душанбе се тарма фурӯ рехт ва бар асари он то 15 нафар ҳалок шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, даҳҳо адад худрав зери тӯдаи барф мондаанд. Дар пайи фурӯрезии тарма қитъаи роҳ то нақби Анзоб ба дарозии 12-километр бо барфи баландияш аз 3 то 6 метр баста шуд. Бориши барф дар мавзеъҳои тармазада идома дорад ва ба қавли наҷотбахшон, хавфи фурӯ омадани тармаҳои дигар низ дар миён ҳаст.

Сар аз 11-уми декабр дар масири Душанбе-Хуҷанд, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, маҳдудият дар ҳаракати худравҳо ҷорӣ шуд. Мувофиқи он, ҳар ҳафта аз рӯзи панҷшанбе то якшанбе, бинобар баргузории корҳои таъмиру роҳсозӣ ва таркиши кӯҳпораҳои канори роҳ дар ноҳияи Айнӣ, ин роҳ аз ду самт баста мешавад. Ҳаракат аз роҳи ағбаи Анзоб бошад, расман дар авоили моҳи декабр манъ карда шудааст. Барои бо мошин аз Душанбе ба устони Суғд расидан иҷозат дода шудааст, ки танҳо аз нақби «Истиқлол» истифода карда шавад.

Дар ҳамин ҳол ба радиои Озодӣ аз ноҳияи Нуробод низ хабар расид, ки дар ин ноҳия бар асари бориши барфи зиёд ду тарма фуруд омада, ҳаракат дар ҷодаҳоро мушкил ва қисме аз роҳҳои байниноҳиявиро пӯшидааст. Гуфта мешавад, бар асари ин тармахезиҳо талафоти ҷонӣ набудааст.

XS
SM
MD
LG