Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни масъулияти волидон: Тасвиб ё идомаи баҳс


Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, паҳлуҳои норӯшани қонуни масъулияти волидон баҳси вакилонро ба вуҷуд хоҳад овард.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова ба ин бовар аст, ки тарҳи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро парлумони Тоҷикистон бе мушкил ба тасвиб хоҳад расонд, вале иҷрои дастурҳои асосии он зери суол боқӣ хоҳад монд.

ОЁ ҚОНУН ИҶРОШУДАНИСТ?

Хонум Бобоназарова меафзояд: «Бубинед, ки қариб як миллион нафар аз аҳолии
Ойниҳол Бобоназарова
Тоҷикистон дар Русия ба кори сиёҳ машғул аст ва занони аксари онҳо рӯзи дароз дар бозор мешинанд, фарзанди онҳоро кӣ бояд тарбия кунад. Дар тарҳи қонун ин масъала рӯшан карда нашудааст. Ғайр аз ин, инҷо набояд сабаби онро ҷӯст, ки чаро кӯдак чунин рафтор кард, балки бояд пурсид, ки сабаби чунин амали вай чӣ аст? Ва чаро чунин шуд. Инҷо мебоист бештар масъулияти ҳукумат дар назди падару модар нишон дода мешуд аз ин рӯ ин қонун иҷронашавандааст.»


Аз сӯе ҳам, ба гуфтаи хонум Бобоназарова, агар падару модар ба ҷарима кашида шаванд, боз ҳамон хонавода зарар хоҳад дид ва агар ба маҳбас кашида шаванд, вазъи хонавода боз ҳам бадтар мешавад.

Ба ақидаи ҳуқуқдонҳои дигар, куллан шароити иҷтимоии хонаводаҳо, давраҳои ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ ва ҳолатҳои изтирорие ба монанди селу тарма, зилзила ва ғайра ба назар гирифта нашудааст.

"ҲУКУМАТ КАФИЛИ ИҶРОИ ҚОНУН АСТ"

Аммо вакили мардумӣ Рустам Латифов бар ин аст, ки ҷониби ҳукумат ҳамчун кафили назорат ва иҷрои қонун ҳаст шароити заруриро фароҳам хоҳад овард: «Дар ин самт ҳам ҳукумат ва ҳам падару модар масъулияти худро иҷро хоҳад кард. Барои беҳбуд бахшидани шароити мактабу синфхонаҳо аз ҳама бештар барои соҳаи таълиму парвариш аз буҷаи давлат маблағ ҷудо карда шудааст. Падару модар ҳамеша дар баробари таълиму парвариши фарзанд масъулият доштанд. Вале ҳоло дар доираи қонун мушаххас шудани ӯҳдадории волидон боз ҳам фазои тарбияи фарзандро беҳтар хоҳад кард.»

ҲУСАЙНӢ:"ҲУҚУҚИ ДИНДОРОН НАҚЗ ШУДААСТ"


Вакили маҷлис аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ
яке аз бандҳои қонунро нақзи ҳуқуқи мусулмонон ва намояндагони адёни дигар дар кишвар медонад. Вай мегӯяд, ба ин банди қонун раъйи мухолиф хоҳад дод.

«Мо қабл аз пешниҳод шудани ин тарҳ ба парлумон мухолифати худамонро бо пахши як изҳорот баён дошта будем. Мо шояд ба ин тарҳи қонун мухолиф набошем, вале ба он банде, ки ҷавонони то 18-соларо ба масҷидҳо иҷоза намедиҳад, мухолиф ҳастем ва дар парлумон ҳам овози мухолиф медиҳем. “


Тарҳи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамчун пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳукумат ба парлумон пешниҳод шуд ва феълан дар кумитаи маориф, ҷавонон ва илми Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG