Пайвандҳои дастрасӣ

Арчаи солинавии Душанбе қомат меафрозад. АКС, ВИДЕО


Акс аз фурӯшгоҳи арчаҳо. Душанбе, соли 2015

Дар маркази пойтахт насби арчаи солинавӣ шурӯъ шудааст. Масъулини шаҳрдории Душанбе субҳи 6 декабр гуфтанд, ки арчаи зинда бо баландии 25 метр дар маркази майдони Дӯстӣ ва дар рӯбарӯи муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати Сомониён гузошта мешавад.

Субҳи чоршанбе кормандони Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” ба сохтани пойдевор ва қолаби арчаи идона шурӯъ карданд ва эҳтимолан дар чанд рӯзи наздик ороиши пурраи ин рамзи солинавӣ анҷом шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Соли нави имсола нахустин ҷашни таҳвили соли тақвимӣ барои шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳам мешавад, ки январи соли 2017 ба ин мақом таъин шудааст.

Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ба фарқ аз чанд соли гузашта, ин навбат тасмим гирифтанд арчаи солинавиро се ҳафта пеш аз фарорасии соли нав оро диҳанд.

Соли нав – иди расмӣ ва мардумӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ аз рӯи одат аз замони шӯравӣ таҷлил мешавад. Баъди касби истиқлолияти кишвар бахши суннатӣ ва мазҳабии ҷомеа ба парҳез аз таҷлили ин ид даъватҳо карданд. Ба андешаи ин гурӯҳ, соли нав иди масеҳӣ буда, ҳеҷ умумияте бо фарҳанги милливу динии мардуми тоҷик надорад ва иди Наврӯз ҳамчун ҷашни фарорасии соли нав бояд барҷаста шавад.

Вале ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари эҳтиром ба ҷашнҳои милливу мазҳабӣ (Наврӯз, Рамазон ва Иди Қурбон) ҳамеша аз таҷлили Соли нави масеҳӣ ҷонибдорӣ мекунад. Коршиносон мегӯянд, ҳукумати дунявигарои Тоҷикистон иди Соли навро ҳамчун рамзи садоқати ин кишвар ба арзишҳои байналмилалӣ ҳифз мекунад. Аз сӯи дигар, ин ид талоши дигарест дар амри коҳиши мизони ифротишавии ҷомеа ва таъсири таассуб ва мазҳаб, ки ба як чолиши аслии ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир табдил шудааст.

Арчаи идонаи соли 2009
Арчаи идонаи соли 2009

Ҳарчанд бархе мегӯянд, эҳсос мешавад, ки ин ҷашн солҳои охир дар сатҳи давлатӣ ҳам як андоза камранг таҷлил мешавад. Солҳои ахир насби арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт рӯзи 28 декабр гузошта шуда баъди чанд рӯзи ид бардошта мешуд. Барномаҳои солинавии телевизиони давлатӣ ҳам солҳои охир бидуни рамзи маъмулии ин ид - Бобои барфиву Барфак таҷлил мешавад.

Соли нави имсола нахустин ҷашни таҳвили соли тақвимӣ барои шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳам мешавад, ки январи соли 2017 ба ин мақом таъин шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG